Тоҷикистон се шаҳрванди дастгиршудаи Қирғизистонро ба Бишкек супурдааст

Гузаргоҳи "Кулунду" дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон

Тоҷикистон се шаҳрванди Қирғизистонро, ки дар қаламрави кишвар дастгир шудаанд, ба Бишкек супурдааст. Бахши қирғизии Радиои Озодӣ рӯзи 27-уми ноябр навишт, ки Қирғизистон дар навбати худ ду шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистонро ба Душанбе медиҳад.

Мақомоти Тоҷикистон дар мавриди раҳоии се шаҳрванди Қирғизистон чизе нагуфтанд. Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар эъломияе навишт, ки ҷонибҳо рӯзи 26-уми ноябр масъалаи баргардондани шаҳрвандони дастгиршудаи ду кишварро баррасӣ карданд.

“Худи ҳамон рӯз дар гузаргоҳи “Кулунду” марзбонони тоҷик се шаҳрванди Қирғизистонро ба ҳамкорони қирғизашон супурданд. Тавре зикр гардид, се нафари дигар аз қирғизистониён дар ояндаи наздик ба ватан баргардонида мешаванд,” – гуфта шудааст дар эъломияи Хадамоти марзбонии Қирғизистон.

Ба иттилои Хадамот, тарафҳо ҳамчунин мушкилоти марбут ба корҳои сохтмонӣ дар шоҳроҳи Борбордуқ-Арка (Хуҷанд-Конибодом)-ро баррасӣ кардаанд. Ҷониби Тоҷикистон гуфтааст, барои қатъи корҳои сохтмонӣ чора меандешад.

Мавзӯи дигари дидор тахриби қитъаи роҳи оҳани Сулукту-Пролетар будааст, аммо ҷузъиёташ маълум нест.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ навишт, бино ба гузоришҳо, то имрӯз ҳудуди даҳ шаҳрванди Қирғизистон аз сӯи Тоҷикистон боздошт шуда, чаҳор нафар аз 2,5 то 5 сол маҳкум шудаанд.

Дар айни замон Додгоҳи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ду шаҳрванди Тоҷикистон – Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ва Аскар Юнусовро бо гуноҳи “ҷиноят алайҳи сулҳ” ва “ғоратгарӣ” ба ҳабси абад маҳкум кард. Наздиконашон бо ҳукм розӣ нестанд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки бозбинии ҳукмро талаб доранд.

Тоҷикистону Қирғизистон 970-980 километр сарҳад дошта, танҳо 519 километри онро таъину нишонагузорӣ кардаанд. Минтақаҳои номуайян ва баҳсӣ дар марз пайваста боиси ҷанҷолу тирпаронӣ мешавад.

Бар асари задухӯрд дар охири моҳи апрели имсол дар сарҳад 19 шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва 87 нафар захмӣ шуданд. Қирғизистон дар бораи кушта шудани 36 нафар (аз ҷумла ду кӯдак) ва захмӣ шудани 154 кас хабар дод.

Робитаҳои Душанбеву Бишкек дар ҳоли ҳозир сарду печида мемонад. Қирғизистон марзашро ба рӯйи шаҳрвандони Тоҷикистон бастааст ва ду кишвар барои боздошт ва истирдоди шаҳрвандони якдигар дар кишвари севум, Русия, часпу талош доранд.