Нороҳатии тоҷирон аз баста шудани бозори "Султони Кабир"

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сарнавишти садҳо тоҷири бозори “Султони Кабир”, маркази савдои “Осиё” ва “Мадад” дар шаҳри Душанбе норӯшан мондааст. Бино ба қарори ҳукумати пойтахт, “Султони Кабир” ва ду маркази савдоро аз моҳи марти 2022 мебанданд. Мақомот гуфтанд, савдогаронро ба ҷойи дигар мебаранд, аммо нагуфтанд, ба куҷо.