Ба тоҷирони бозори "Султони Кабир" дар Душанбе пешниҳод шудааст, ки барои идомаи фаъолияташон ба бозори "Кушониён" бираванд. Бозори "Кушониён" дар қисмати ғарбии пойтахт ҷойгир аст.
Бино ба қарори ҳукумати Душанбе, бозори "Султони Кабир" ва марказҳои тиҷорати “Осиё” ва “Мадад”-ро аз моҳи марти соли 2022 мебанданд. Тоҷирон мегӯянд, барои идомаи корашон дар ҷойи нав ба имтиёзу дастгириҳои бештар ниёз доранд ва мақомот қабл аз бастани бозору марказҳои савдо бояд сари ин масъала бештар таваҷҷуҳ кунанд.
Дар робита ба кӯчонидани "Султони Кабир" субҳи 17-уми декабр дар ин бозор бо иштироки мақомоти шаҳрдории Душанбе, раҳбарияти бозорҳои "Султони Кабир" ва "Кушониён" ва низ соҳибкорон, ҷаласа баргузор шуд.
Аваз Кабиров, раҳбари "Султони Кабир" аз тоҷирон хост кард, ки агар мехоҳанд, корашонро идома диҳанд, "ҳарчӣ зудтар" ба бозори "Кушониён" кӯч банданд. Вай гуфт, ки зудтар рафтани тоҷирон ба "Кушониён" ба манфиати кор аст, зеро дар сурати таъхир, онҳо аз нигоҳи молӣ зарар мебинанд.
Муҳаммадшоҳ Давлатшоҳзода, раиси бозори "Кушониён" дар хитоб ба тоҷирон гуфт, омодаанд, ки онҳоро бо фароҳам овардани шароитҳои беҳтар қабул кунанд. Ба гуфтаи вай, барои тоҷироне, ки аз "Султони Кабир" ба "Кушониён" мераванд, бархе аз имтиёзҳо пешниҳод мешавад. Аз ҷумла, дар оғоз барои онҳо аз ҷой мехостаашон, масоҳати бештар дода мешавад ва ҳамчунин нуқтаҳои савдо аз ҷониби маъмурияти бозор дуруст карда мешавад. Тоҷирон дар ин маҷлис мехостанд, фаҳманд, ки тақдири онҳо чӣ мешавад, чун шуморе аз онҳо аз бонкҳо қарздоранд.
Онҳо ба раҳбарони бозорҳои "Султони Кабир"-у "Кушониён" батакрор мегуфтанд, ки бо кӯчонидан ба ҷои нав, дар навбати аввал манфиати соҳибкорон ба назар гирифта шавад. Раиси "Кушониён" гуфт, барои қабули тоҷирон аз "Султони Кабир" комиссияи корӣ ташкил додаан ва талош мекунанд, барои тоҷирон мушкиле пеш наояд.
Зайдулло Насруллоев, як намояндаи бозори "Сутлони Кабир" дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, пешбинӣ шудааст, касоне ҳоло ба "Кушониён" мераванд, то моҳи июн аз пардохти ҳама хароҷот озод мешаванд. "Тӯли 20 сол онҳо фаъолияти соҳибкорӣ карда, зиндагии худро пеш мебурданд, бо мурури замон зарур аст, ки имрӯз ба марказҳои савдои муосир рӯ биёрем, бо ҳамин сабаб имрӯз қарори мазкури шаҳр ба табъ расидааст" - афзуд, ӯ.
Тоҷирон мегӯянд, раҳбарони бозори “Кушониён” ба онҳо ваъда доданд, ки агар то моҳи январ ба бозорашон кӯч банданд, онҳоро аз пардохти пули иҷора ва "чек" 5 моҳ озод мекунанд. Ба тоҷирон ҳамчунин ваъда додаанд, ки дар бозори “Кушониён” барои онҳо аз ҷой мехостаашон, масоҳати бештар дода мешавад ва дар интиқоли борҳояшон ба он бозор кӯмак мекунанд.
Бо ин вуҷуд, ба қавли тоҷирон бо рафтан ба ҷои дигар корашон як муддат суст мешавад ва барои аз байн нарафтани тиҷораташон бояд аз имтиёзҳои бештар бархурдор шаванд. Мӯъмин Қосимов, тоҷир дар маркази савдои “Мадад”, рӯзи 17-уми декабр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, " дар ҷойи нав савдо сусттар аст, то муштарӣ пайдо кардан тиҷорат суст мешавад, савдои суст то 4-5 моҳ идома мекунад".
Бархе аз кормандони бозорҳое, ки вайрон мешаванд, мегӯянд, роҳи бозори "Кушониён" аз хонаҳои иҷораашон хеле дур аст ва имкони ҳар рӯз ба он ҷо рафту омад надоранд. Аз ин рӯ маҷбур мешаванд, дар ҷустуҷӯи кори дигар дар наздики манзили зисташон шаванд. "Дар ин ҷо иҷора мешинам, зӯрам намерасад, роҳкиро қиммат аст, роҳ дур аст, як кӯдак дорам, дар хона касе нест, нигоҳ кунад. Барои мо мушкил шуд" - гуфт, Зулфия Халифаева, пешхизмат дар яке аз ошхонаҳои маркази тиҷорати “Мадад”.
Намояндагони бозори "Кушониён" ҳозир нашуданд, ки ба Радиои Озодӣ ҷузъиёти бештари мавзӯъро шарҳ диҳанд. Тибқи иттилои масъулини ин бозор, то ҳол бештар аз 600 тоҷир аз “Султони Кабир” барои дарёфти ҷойи нав дар “Кушониён” муроҷиат кардаанд.
Бар асоси санадҳое, ки Радиои Озодӣ ду сол пеш ба он даст ёфтааст, молики бозори "Кушониён" ширкати "Фароз", ширкати мутааллиқ ба Шамсулло Соҳибов, домоди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, аст. Вале Муҳаммадшоҳ Давлатшоҳзода, раиси бозори "Кушониён" соли 2019 дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки "бозорро чанд нафари алоҳида ташкил кардаанд" ва яке аз саҳмдорон худи ӯст.
Шаҳрдории Душанбе дар бораи ба бозори "Кушониён" бурдани савдогарон дақиқан чизе нагуфта, танҳо таъкид кардааст, ки бар асоси нақшаи куллии пойтахт бозори "Султони Кабир"-ро баста, соҳибкоронро "дар маҳалли дигар" ҷобаҷо хоҳад кард. Мақомот гуфтанд, бо ин кор се кӯчаи пойтахтро ба "талаботи меъморию шаҳрсозии муосир" мувофиқ карда, "ҳаракати бемамониати мошинҳо"-ро таъмин мекунанд. "Бунёди шаҳраки тиббӣ, марказҳои солимгардонӣ бо минтақаи сабзазоркунии истифодаи умум ҳанӯз дар нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар соли 1983 таҳия ва тасдиқ шуда буд," - омадааст дар баёнияи шаҳрдорӣ.
"Султони Кабир" яке аз бозорҳои асосии фурӯши масолеҳи сохтмонӣ дар Тоҷикистон аст. Онро соли 2000 сохтанд ва дар онҷо 1500 нафар кор мекунанд. Ин бозор ва маркази савдои “Осиё" дар масоҳати бештар аз 5 гектар ҷой гирифтааст. Дар Душанбе дар давоми беш аз даҳ соли охир чанде аз бозорҳо, аз ҷумла, "Шоҳмансур", "Баракат" ва "Ҷал-Ҷам" вайрон карда шуда, дар ҷойи онҳо боғ ё биноҳо сохта шудаанд. Тасмими тахриби бозорҳо ва ба ҷойи дигар кӯчонидани тоҷирон ҳамеша бо нигаронӣ ва норозигии фурӯшандаҳо ҳамроҳ будааст. Тоҷирон шикоят доранд, ки дар пайи чунин тағйирот бе ҷойи кор мемонанду намедонанд қарзҳояшон аз бонкро чӣ гуна баргардонанд.