Вакилони порлумони Қирғизистон Наталя Никитенко ва Аида Қосималиева пешниҳод кардаанд, ки ба қонунгузории ин кишвар дар бахши ҳимоят аз хушунати хонаводагӣ як қатор тағйиру иловаҳо ворид карда шавад.
Лоиҳаи қонуни пешниҳодии вакилон дар ин замина барои баррасӣ дар сомонаи порлумони Қирғизистон нашр шудааст.
Муаллифони лоиҳаи қонун пешниҳод кардаанд, шахсе, ки даст ба хушунати хонаводагӣ мезанад, сарфи назар аз ҳаққи моликият аз хона берун карда шавад. Ҳамчунин пешниҳод шудааст, ки волидон барои хушунат нисбат ба фарзанд аз ҳаққи падарӣ ё модарӣ маҳрум гарданд.
Ба ҷуз ин, дар лоиҳаи қонун омадааст, ки салоҳияти ҳимоят аз хушунати хонаводагӣ аз додгоҳҳои оқсақолон гирифта, ба ниҳоди иҷрои ҷазо дода шавад. Зеро ба гуфтаи муаллифон, "иштироки додгоҳҳои оқсақолон дар ҳимоят аз хушунати хонаводагӣ муассир нест".
Ба иттилои мақомоти Қирғизистон, соли 2020 дар он кишвар 9 ҳазору 25 ҳолати хушунати хонаводагӣ ба қайд гирифта шудааст. Танҳо 947 ҳолат додгоҳӣ шудаанд. Теъдоди хушунатҳои хонаводагие, ки аз аввали соли равон дар Қирғизистон сабт шудааст, ба 7665 мерасад.