Apple барномасози исроилиро ба додгоҳ мекашад

Ширкати Apple барномасози исроилиро барои сохтани барномаи ҷосусии Pegasus ба додгоҳ кашидааст.

Apple даъво дорад, ки NSO Group-и исроилӣ бо барномаи сохтааш корбаронро таъқиб мекунад.

Apple аз додгоҳ хост, ширкати NSO Group-ро аз истифодаи барномаҳо, хидматрасонӣ ва дастгоҳҳои Apple маҳрум созад.

Моҳи июли имсол созмони Forbidden Stories ва чанд расона ҳамзамон хабар доданд, ки барномаи ширкати исроилӣ барои таъқиби рӯзноманигорон ва роҳбарони давлатҳо, аз ҷумла президенти Фаронса Эммануэл Макрон истифода шудааст.

NSO Group он замон гуфта буд, ки хабар дар бораи истифодаи Pegasus бо ҳадафи таъқиби рӯзноманигорону сиёсатмадорон воқеият надорад. Созандагони барнома гуфтанд, он барои мубориза бо террористону ҷинояткорон таҳия шудааст.

NSO Group дар Амрико ба рӯйхати сиёҳ ворид карда шудааст.

Pegasus метавонад, телефонҳои ҳамроҳро "шиканад" ва махфиёна мактубу тамосҳо ва паёмҳоро сабт кунад. Ин барномаро барои "шикастан"-и телефонҳои наздикони рӯзноманигор Ҷамол Хошуқчӣ истифода кардаанд, ки дар консулгарии Арабистони Саудӣ дар Туркия кушта шуда буд.

Дар рӯйхати шахсоне, ки телефонҳояшон рахна шудааст, кормандони расонаҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла CNN, Associated Press, Voice of America, The New York Times, The Wall Street Journal, Bloomberg News, Le Monde-и Фаронса, Financial Times ва Al Jazeera-и Қатар, инчунин 65 ҳомии ҳуқуқу бештар аз 600 сиёсатмадор ҳастанд.