Дар Байтулмуқаддас як узви ҷунбиши ҲАМОС ба чанд нафар ҳамла кардааст. Дар ин ҳамла як исроилӣ кушта ва се нафар, аз ҷумла ду полис захмӣ шудааст.
Ин нафар дар қисмати қадимии шаҳри Байтулмуқаддас, ки барои мусалмонон ва яҳудиён муқаддас дониста мешавад, ба сокинон ҳамла кардааст. Ӯро дар ҷойи ҳамла куштанд.
ҲАМОС тасдиқ кард, ки ҳамлавар узви созмони онҳо буд ва амали ӯро “қаҳрамонӣ” унвон кард.
Ин дуюмин ҳамлаи фаластиниҳо ба исроилиҳо дар чанд рӯзи охир аст. Аз ин пеш, як навраси 16-солаи фаластинӣ ба пулиси исроилӣ ба корд ҳамла кард ва худаш кушта шуд.
Қисмати қадимии шаҳри Байтулмуқаддасро соли 1967 Исроил аз худ кард. Исроил ин шаҳрро моли худ медонад. Фаластиниён ин шаҳрро пойтахти ояндаи кишвари худ медонанд ва Исроилро ба ишғоли сарзаминҳояшон гунаҳкор мекунанд.