Вазири дифои ИМА Ллойд Остин рӯзи 20-уми ноябр ҳушдор дод, ки намегузорад Эрон ба силоҳи ҳастаӣ даст ёбад ва аз «истифодаи хатарноки» дронҳои худкуш дар Ховари Миёна ҷилавгирӣ хоҳад кард. Ллойд Остин, ки дар ҳамоиши солонаи «Муколамаи Манама» дар Баҳрайн иштирок мекунад, бо чунин суханҳо ба ширкатдорони ин нишаст муроҷиат кард. Ин ҳушдор замоне садо дод, ки Вашингтон гуфтааст дар андешаи эҳёи созиши ҳастаии соли 2015 бо Эрон мебошад.
Остин хитоб ба муттафиқони арабии ИМА гуфт, ки Амрико ба ҳалли дипломатии ин мавзӯъ бовар дорад. Ӯ гуфт, «дар сурате, ки Эрон ҷиддан ба гуфтугӯҳову музокираҳо ҳамроҳ нашавад, пас ИМА тамоми корро мекунад, то ки аз амнияти худ дифоъ кунад». Баъди он ки соли 2018 президенти ИМА Доналд Трамп ба таври якҷониба аз созиши ҳастаии қудратҳо бо Эрон берун шуд, чандин ҳодисае рух дод, ки боиси тавсеаи таниш дар минтақа гардид. Рӯзи 29-уми ноябр дар Вена музокираҳо бо Эрон аз сар гирифта мешавад.