Ҷасади ду муҳоҷири тоҷикро, ки дар пайи оташ зада шудани вагоне дар деҳаи Заларии вилояти Иркутски Русия ҷон бохтанд, ба Тоҷикистон фиристодаанд. Насимҷон Сайдалӣ 21-сола ва Сироҷиддин Гулзода 19-сола буданд. Ҳодиса шаби 12-уми ноябри имсол рӯй дод.
Мақомоти Русия гуфтанд, вагони зисти муҳоҷирон дар деҳаи Заларии Иркутск аз ҷониби сокинони маҳаллӣ оташ зада шудааст ва бар асоси "куштор бо бераҳмии хос" парванда кушоданд. Ба иттилои матбуоти маҳаллӣ, дар пайванд ба ҳодиса се нафар дастгир шудаанд.
ҷузъиёти хабар инҷост: "Куштор бо бераҳмии хос". Оташ задани вагони муҳоҷиронро дар Русия таҳқиқ мекунанд. ВИДЕОАлишер Ширинов, раиси ҷамъияти тоҷикони Иркутск, рӯзи 19-уми ноябр гуфт, барои фиристодани тобути муҳоҷирон давоми як ҳафта санад омода карданд. Ба гуфтаи ӯ, дар маҳалле, ки ҳодисаи охир рӯй дод, 15 муҳоҷир зиндагӣ мекарданд ва то кунун беш аз даҳ нафари онҳо бозпурсӣ шуда, се кас ба "ташкили низоъ" гумонбар ҳастанд.
"Дар чаҳор моҳи охир наздик ба 30 тобути муҳоҷиронро аз вилояти Иркутск ба Тоҷикистон фиристодем. Онҳо бар асари садама ва бемориҳои гуногун фавтида буданд," -- афзуд Ширинов.
Амонулло Гулов, сокини ноҳияи Файзобод ва падари Сироҷиддин, яке аз муҳоҷирони фавтида, рӯзи 19-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки писараш 5-уми декабр бояд ба ватан меомад, вале ҷасади ӯро оварданд. Ӯ гуфт, писараш ду сол пеш ба Русия рафта буд.
Ҳамсуҳбати мо афзуд, писараш дар Русия азоб дошт ва борҳо фиреби корфароморо хӯрдааст: "Пеш аз он ки ба ҳамин сохтмон биояд, дар як ҷойи дигар чанд моҳ кор кард, вале фиребаш дода, пулашро надоданд."
Ҳамроҳони ин ду муҳоҷир гуфтанд, ҳоло зери фишори сахти мақомоти Русия ҳастанд. Муҳоҷирон гуфтанд, мақомоти Русия ба ҷойи онки онҳоро ҳамчун ҷабрдида эътироф кунанд, баръакс талош доранд, ки гунаҳкор эълон кунанд. Онҳо хостанд, ки сафорати Тоҷикистон аз ҳаққи онҳо ҳимоят кунад, "чун аҳволашон хеле бад аст".
Дар сафорати Тоҷикистон ва ҷамъияти тоҷикони муқими Иркутск гуфтанд, талош доранд, ба муҳоҷирон ёрӣ расонанд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бино бар арзёбиҳои мухталиф, сатҳи нажодпарастӣ ва бегонаситезӣ Дар Русия хеле боло рафтааст. Бисёре аз коршиносон решаи мушкилро дар ҳамин мебинанд.
Ҳамасола беш аз 1 миллион аҳолии қобили кори Тоҷикистон ба Русия ба муҳоҷират мераванд. Соли гузашта тобути 300 шаҳрванди кишварро аз Русия ба ватан овардаанд. Дар гузашта ҳар сол аз 600 то 800 ва бештар аз он тобути муҳоҷиронро меоварданд. Сабаби марги онҳо куштор, беморӣ ва садамаву тасодуф гуфта мешавад.