Аз талоши як ҷавонзани сокини Душанбе, ки мехост худро аз табақаи 15-уми бинои баландошёнае ба поён партояд, ҷилавгирӣ шудааст.
Субҳи 15-уми ноябр барои як сокини пойтахти Тоҷикистон метавонист рӯзи охирини ҳаёташ бошад. Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки субҳи он рӯз барояшон хабар расид, ки як ҷавонзани сокини пойтахт мехоҳад худро аз тирезаи табақаи понздаҳум ба поён партояд. Ба гуфтаи ӯ, ин хабар соати 8.54 дақиқа расид ва гурӯҳи зудамали наҷотдиҳандагон дар шаҳри Душанбе зуд ба ҷойи ҳодиса расида, тавонистанд аз тариқи табақаи 16 худро ба назди ин ҷавонзан расонида, ӯро наҷот диҳанд.
“Равоншинос бо худи ин зан суҳбат намуд ва кушиш кард, диққати ӯро аз кирдори мекардааш берун созад. Наҷотдиҳандагон бо танобҳо аз ошёнаи 16-ум ба қабати 15-ум фаромаданд ва он ҷавонзанро, ки дар даҳлези тиреза буд, ба даруни хона тела доданд ва бо ҳамин тариқ ӯро ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ супориданд”,--гуфт ӯ.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ба гуфтаи Умеда Юсуфӣ, маълум шудааст, ки ин ҷавонзан 27-сола буда, соҳиби ду фарзанд аст, аммо дар пайи муноқиша бо шавҳараш қасди худкушӣ кардааст.
Бо сабабҳои ахлоқӣ исми ин ҷавонзан ошкор карда намешавад ва ҳамакнун кормандони пулис баррасии ин ҳодисаро идома медиҳанд.
Ба эътиқоди равоншиносони тоҷик бештаре аз ҳолатҳои қасди худкушӣ дар Тоҷикистон ба далели муноқишаҳои оилавӣ ва баҳсҳои пулӣ сурат мегиранд. Ҳабибуллоҳ Дедоғчиев, равоншинос ва муовини фармондеҳи дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳандагони КҲФ дар шаҳри Душанбе аз ҷумлаи нафаронест, ки дар наҷоти ин ҷавонзан нақши калидӣ бозидааст.
“Ҳамчун равоншинос медонам, ки дар ҳолати қасди худкушӣ кардан ба он одам гӯем, ки ин корро накун, вай ҳатман худро мепартояд. Мо барояш бартарии зиндагиро мефаҳмонем. Вай мумкин аз зиндагиаш безор шудагӣ аст, ки ҳамон корро карданӣ аст, вале мо бо дигар роҳ вайро мефаҳмонем, ки зиндагӣ ҳамин хел аст, ба ҳама ин ҳолатҳо меафтад. Ҳамин хел ӯро ба гап мегирему оҳиста-оҳиста ба майнаи сараш таъсир мекунем, ки аз ин фикр баргардад”,--гуфт равоншинос.
Аз аввали соли ҷорӣ наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон ҷони ҳудуди 200 нафарро дар садамаҳои мухталифу офатҳои табиӣ наҷот додаанд.
Наҷотдиҳандагони шаҳри Душанбе дар ин муддат панҷ нафари қасди худкушӣ доштаро аз роҳашон баргардонидаанд.
Тибқи омори Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон, дар соли гузаштаи 2020 дар Тоҷикистон беш аз 600 нафар қасди худкушӣ кардаанд, ки дар аксар маврид он боиси марг шудааст.
Маъмулан, дар фасли баҳору тобистон ҳолатҳои зиёди худкушӣ аз шимоли Тоҷикистон расонаӣ мешаванд, ки умдатан ба сурати ба дарёи Сир андохтани ҷавонзанҳо рабт дорад. Аммо, бо фарорасии фасли тирамоҳ хабарҳои қасди худкушӣ дар манотиқи ҷануби кишвар низ афзоиш ёфтааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Зӯроварӣ дар оила дар Тоҷикистон расман ҷиноят эълон мешавадМақомот номаи пеш аз худкушии сокини ноҳияи Айниро тафтиш мекунандМарде, ки ҷасади овехтаи ҳамсар ва се кӯдакашро ёфтанд, ба зиндон маҳкум шудЗане аз Турсунзода барои озори арӯси хонавода зиндонӣ шуд. Ду тараф бо ҳукм розӣ нестанд. ВИДЕОДастгоҳ аз Додситонӣ хост, марги занеро, ки ҷасадаш бо 26 зарби корд ёфт шуд, таҳқиқ кунад"Навиштааст, ки маро задӣ." Парванда зидди модар бо гумони ба худкушӣ расондани духтар. ВИДЕОЯк сарбоз дар бинои Додситонии кулли Тоҷикистон кушта шудааст