Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як сарбоз дар бинои Додситонии кулли Тоҷикистон кушта шудааст


Бинои Додситонии кулли Тоҷикистон
Бинои Додситонии кулли Тоҷикистон

Як сарбоз дар дохили бинои Додситонии кулли Тоҷикистон аз чор зарби тири автомати Калашников ба ҳалокат расидааст.

Ҳодиса шаби 13 ба 14-уми июл рух додааст.

Мақомот ҳодисаро расман шарҳ надодаанд, вале манобеи Радиои Озодӣ дар Додситонии кулли Тоҷикистон ҳодисаро худкушӣ номиданд.

"Чор тир аз зери манаҳаш зада шудааст ва аз сараш берун шудаанд. Ташхиси ибтидоӣ ҳодисаро худкушӣ номиданд. Ҳанӯз маълум нест, ки сарбоз чаро ин корро кардааст.",--гуфт ӯ.

Масъулони Додситонии кулли Тоҷикистон аз ироаи ҷузъиёти ҳодиса худдорӣ карданд. Ному насаби сарбоз ва сабаби марги ӯро ҳеҷ мақоми додситонӣ ҳозир нашуд, ки ба Радиои Озодӣ шарҳ диҳад.

Дар Додситонии низомии шаҳри Душанбе ҳодисаро тасдиқ карданд, вале гуфтанд, ки "парванда махфӣ аст ва онро шарҳ намедиҳанд."

Ин сарбози яке аз воҳидҳои низомии шаҳри Душанбе барои ҳифзи бинои Додситонии кулли Тоҷикистон интихоб шуда будааст.

Маъмулан, биноҳои сохторҳои интизомиро дар Тоҷикистон сарбозон ҳифз мекунанд.

XS
SM
MD
LG