Рӯзи 11-уми ноябр дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ аснои арзёбии буҳрон дар марзи Беларус бо Лаҳистон, кишварҳои аврупоӣ ва ИМА амалкардҳои Минскро маҳкум карданд. Дар як изҳороти муштарак, ки баъди нишасти Шӯрои Амният нашр шуд, ИМА, Британия, Фаронса, Эстония, Ирландия, Норвегия ва Албания иброз доштанд, ки Минск барои татбиқи ҳадафҳои сиёсиаш, ҷони инсонҳоро дар хатар гузоштааст. Ба қавли ин кишварҳо, худи Александр Лукашенко таҳдид ба назму суботи минтақа шудааст.
Раҳбарони Иттиҳоди Аврупо мегӯянд, Минск ҳадафмандона муҳоҷирон аз Ховари Миёна ва Африқоро ба Беларус даъват намуда, сипас барои интиқомҷӯйӣ дар муқобили таҳримҳои аврупоӣ, онҳоро ба марзи Беларус бо Полша, Литва ва Латвия ирсол намудааст. Дар изҳороти муштарак чизе дар бораи Русия-ҳампаймони асосии Беларус зикр нашудааст. Қабл аз Ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ, Русия доштани нақш дар ирсола муҳоҷирон ба марзи Беларус бо Иттиҳоди Аврупоро рад карда буд. Ду рӯз пеш ба нишони дастгирӣ аз Беларус ҳавопаймоҳои ҷангии дорои силоҳи ҳастаии Русия дар ҳарими ҳавоии ин кишвар парвоз карданд.