Коршиносони СММ ҳушдор додаанд, ки бо якбора сард шудани ҳаво дар Афғонистон, буҳрони ғизоӣ дар он кишвар наздик мешавад.
"95 дарсади афғонистониҳо наметавонанд барои худ ғизо дастрас кунанд ва мо танҳо мушоҳида мекунем, ки чи тавр ҳамаи онҳо бо марг аз гуруснагӣ рӯбарӯ мешаванд", - изҳор доштаасӣ мудири иҷроияи Барномаҳои ҷаҳонии ғизоӣ Дэвид Бислӣ 7 ноябр баъди боздидаш аз шаҳри Кобул.
Ба гуфтаи Дэвид Бислӣ, "Афғонистон дар шаш моҳи оянда дузахе дар рӯи замин хоҳад шуд".
Бислӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кардааст, ки аз ҳалокати мардуми бегуноҳ дар он кишвар пешгирӣ кунанд: "Мо иҷозат медиҳем, ки кудакони хурдсол аз гуруснагӣ фавтанд. Ин шармандагӣ аст. Барои мо бояд фарқ надошта бошад, ки ин кудакон дар кадом давлат ҳастанд".
Кишварҳои ғарбӣ аз моҳи августи соли равон интиқоли маводи ғизоӣ ва доруро ба Афғонистон қатъ карданд. Зеро намехоҳанд бо ҳаракати Толибон, ки духтаронро аз таҳсил боз дошта, барои нақзи муқаррароти шариати Ислом ҷазоҳои сангинро барқарор кардааст, ҳамкорӣ кунанд.
Дар моҳи августи соли ҷорӣ ҷорӣ Толибон пас аз берун шудани нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон вориди Кобул шуданд ва қудратро ба даст гирифтанд. Онҳо занонро аз ҳаққи таҳсил маҳрум карданд. Ҳукумати Толибон то ҳануз аз сӯи ҳеҷ кишвари дунё ба расмият шинохта нашудааст.