Барканории зудҳангом, ногаҳонӣ ва бидуни эълони сабаби Ёдгор Файзов аз мансаби раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) вокунишҳои гуногун ба бор овард.
Бо гузашти ду рӯз мақомот нагуфтанд, ки чаро ӯро аз кор гирифтанд. Дар фармони президенти Тоҷикистон, ки 5-уми ноябр нашр шуд, дар ин бора ишорае нест. Дар ҳоле ки пештар дар фармонҳо сабаби барканории аксар мансабдорон, аз ҷумла онҳоеро, ки дар маҷлисҳои ҳукуматӣ "гап" шунидаанд, "гузаштан ба кори дигар" мегуфтанд.
Дар Тоҷикистон ин одат ҳаст, ки раисони вилоятҳо дар мақоми худ на камтар аз панҷ сол кор кунанд. Вале Ёдгор Файзов дар ин мансаб се сол монд ва ба навиштаи Додоҷони Атовулло, рӯзноманигори маъруфи тоҷик ва раҳбари созмони "Ватандор", дар Фейсбук, "дар сӣ соли Истиқлол бори нахуст дидам, ки рафтани мансабдори як вилоят як ҷумҳуриро такон медиҳад."
Чаро оварданд ва чаро озод карданд?
Бо вуҷуди хомӯшии мақомот ва "намедонам" гуфтани Ёдгор Файзов, аксарият сабабҳои чӣ гуна ба мақоми раиси ВМКБ расидани ӯ ва чаро рафтанашро баҳс мекунанд.
Файзов соли 2018, замоне раиси ҳукумати Бадахшон таъин шуд, ки ба қавли худаш "вазъ дар минтақа чандон хуб набуд". Алим Шерзамонов, фаъоли мухолифин дар хориҷа, бовар дорад, ки Файзов маҳз "ба ҳайси менеҷери ҳолати буҳронӣ интихоб шуда буд ва ин интихоб ниҳоят нишонрас баромад."
Ёдгор Файзов, ки қаблан ҳамчун намояндаи Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон кор мекард, чанд дафъа дар байни эътирозгарони Бадахшон ва ҳукумати марказӣ миёнравӣ кардааст.
"Раҳмон соли 2018 дар вохӯрӣ бо фаъолон аз вазъи амниятии Хоруғ изҳори нигаронӣ карда, бо пешниҳоди мақомоти амниятӣ ҷорӣ кардани тартиботро бо истифода аз зӯр талаб намуд. Баъдан марказ дарк кард, ки ҳанӯз фурсати истифода аз зӯр наомадааст ва дар ин марҳила ба эътимоди мардум ниёз дорад. Ҳоло марказ ба хулосае омад, ки дар ҳолати зарурӣ метавонад, бо истифодаи зӯр барномаҳояшро пиёда кунад, дигар ниёзе ба миёнҷӣ намондааст", -- шарҳ дод Шерзамонов рӯзи 6-уми ноябр.
Мушкил – "сармоя наовард"?
Як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, вазири ҳукумати Тоҷикистон, бо шарти зикр нашудани номаш гуфт, се сол пеш ҳукумат бо назардошти таҷрибаи зиёди кор дар созмонҳои байнулмилал, Файзовро раиси ҳукумати Бадахшон таъин кард, вале тайи ин солҳо ӯ ба ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба минтақа муваффақ нашуд.
"Корхонаҳое, ки ҷойи корӣ фароҳам орад, бунёд нашуд. Вазъи иҷтимоии мардум беҳбуд наёфт. Мо медидем, ки Ёдгор Файзов дар шанбегиҳо дар байни мардум зоҳир мешуд ва ба мардум самимияти худро нишон медод, ин хуб буд, вале ин ҳалли масъала нест," -- афзуд ҳамсуҳбати мо.
Рӯзноманигор ва коршиноси тоҷик Марат Мамадшоев ҳам тасдиқ мекунад, ки Файзов барои рушди иқтисодии вилоят кори зиёде анҷом надод. Аммо ин вазъро бештар ба он пайванд медиҳад, ки "дар Тоҷикистон роҳбарони минтақаҳо салоҳияти камтар доранд ва агар ҳатто як кори мусбат ҳам оғоз кунанд, ҳукумати марказӣ дахолат мекунад."
Худи Ёдгор Файзов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 5-уми ноябр гуфт, "дар масъалаи ҷалби сармоя хеле пешрафт кардем. Швейтсария ва сармоягузорони дигар ёрӣ карданд ва то ду-се соли дигар камчинии маблағ намешавад."
"Ҷойҳои корӣ ҳал нашуд"
Тарҳи "Барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ" дар шаҳри Хоруғ, "Идоракунии партовҳои сахти маишӣ", сохтмони шабаки варзишгоҳҳо дар ҳудуди вилоят, таъмир ва азнавсозии маркази ҷавононро низ аз талошҳои дигари Ёдгор Файзов медонанд, вале дар канори он набудани ҷойҳои кориро низ ёдрас мешаванд.
ВМКБ аз рӯи масоҳат вилояти калонтарини Тоҷикистон аст. Саросар кӯҳистон асту корхонаи зиёд надорад. Худи Файзов пас аз чаҳор моҳи кораш ҳамчун раиси вилоят бекориро яке аз мушкилиҳои асосии мардуми Бадахшон номида, гуфта буд, бино бар омори воқеӣ 30 дар сади наздик ба 300 ҳазор аҳолӣ ҷойи кор надорад. Ба ин сабаб 40 дарсади аҳолӣ дар ҳоли фақр ба сар мебурд.
Бо ташаббуси Файзов барномаи фиристодани коргарон ба гӯшаҳои дигари Тоҷикистон роҳандозӣ шуд. Тақрибан наздик ба 1000 кас ба сохтмони “Роғун” ва иншооту корхонаҳои дигари кишвар фиристода шуданд. Ҳоло маълум нест, ки ин афрод оё ҳанӯз ба кор идома медиҳанд ва ё чанд муддат кор карданду баргаштанд.
"Миссия" - созиш бо роҳбарони ғайрирасмӣ?
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Феҳрасти 8 амали мамнуъ барои лидерони ғайрирасмии БадахшонДар ин миён иддае дигар "миссия" ё рисолати Файзовро дар ҳалли баҳси байни ҳукумати марказӣ ва раҳбарони ғайрирасмии Бадахшон ва беҳтар кардани вазъи амниятиву тартиботи ҷамъиятӣ муҳим медонанд.
Ба назари Марат Мамадшоев, аз оғоз маълум буд, ки таъини Файзов ба ин мақом муваққатӣ ва ба хотири он буд, ки ҳукумат бо роҳбарони ғайрирасмӣ як "созише" дошта бошад. "Мумкин ин кор амалӣ нашуд ё ин вазифаро аллакай иҷрошуда ҳисобиданд ва вазъият ҳоло зери назорат аст", -- гуфт ӯ.
Мақомот ҳанӯз ба ин бахши кори Файзов баҳо надодаанд. Дар мавриди муносибат бо лидерҳои ғайрирасмӣ, Файзов дар яке аз мусоҳибаҳои худ бо Радиои Озодӣ чунин гуфта буд: "Онҳо ба ҳалли баъзе масъалаҳо дидгоҳҳои ноодилона доранд, аммо вақте сухан дар бораи миллату давлат меравад, ваҳдати назар дорем, якҷоя ҳастем."
Дар ҳамин ҳол, тибқи омори Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сатҳи ҷинояткорӣ дар ВМКБ соли 2019 30% ва соли 2021 13,2% кам шудааст.
"Мардумӣ". Таърифҳо ва танқидҳо
Аммо ончи Файзовро бештар ба мардум наздик кард ё ба истилоҳ мардумӣ кард, ба назари коршиносон, ҳузураш дар маъракаҳои иҷтимоӣ, суҳбат бо сокинон ва ошкоргӯияш буд.
Ӯ соли 2019 дар Маҷлиси Миллии Тоҷикистон аз он эътироз кард, ки номзадии додраси Додгоҳи конститутсионӣ бо маҷлиси вилояти Бадахшон ҳамоҳанг нашудааст, дар ҳоле ки аз он намояндагӣ мекунад.
Бахши асосии давраи раёсаташ ба пандемияи COVID-19 рост омад. Худаш ҳам ваҳшати ин бемориро ба сар бурд ва ягона мансабдори тоҷик буд, ки дар бораи беморӣ ва омори он ҳақиқатро пинҳон накард.
Дар маъркаҳои "шанбегӣ" шахсан ширкат мекард ва бо белу каланд дар байни мардум пайдо мешуд. Мансабдорони зердасташро на ба кабинети худ даъват мекард, балки назди онҳо мерафт ва ҳамчунин ҳамеша шикояткунандагонро ба ҳузур мепазируфт.у мушкилашонро ҳал мекард.
Фаромуз Иргашев, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ аз шаҳри Хоруғ, мегӯяд, Ёдгор Файзов барои мардум дастрас буд ва дар доираи имкониятҳо талош мекард, ба мушкили онҳо гӯш бидиҳад. Бартарии дигари раиси ҳамакнун собиқи вилояти Бадахшон, ба гуфтаи Фаромуш Иргашев, ин буд, ки бо расонаҳо наздик буд ва ҳамеша бо онҳо мусоҳиба мекард. Вале ин фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ мегӯяд, Ёдгор Файзов болои ниҳодҳои қудратии вилоят нуфузи кофӣ надошт ва ба ин хотир натавонист "зулму ситами онҳоро аз байн барад".
"Мардум умед дошт, ки репрессия решакан мешавад ва бо ҳар майда-чуйда одамонро боздошту маҳкам намекунанд. Лекин ҳамин таҷриба давом кард," -- афзуд Иргашев.
Шикоятҳо аз амалкардҳои мақомоти қудратӣ дар вилояти Бадахшон солҳои пеш низ расонаӣ шудааст. Мақомот ҳамеша ин танқидҳоро рад кардаанд. Аз соли 2018 дар Бадахшон ситоди байниидоравии ниҳодҳои қудратӣ амал мекунад.
Раиси нав таъин шуд, карйераи сиёсии Файзов чӣ хоҳад шуд?
Ҳоло Алишер Мирзонаботов, раиси пешини шаҳри Хоруғ ва муовини собиқи раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро раиси вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин карданд.
Баъзе аз коршиносон инро истисно намедонанд, ки бо бадтар шудани вазъ дар Афғонистон, ҳукумат беҳтар донист, ба роҳбарии вилояти Бадахшон шахсеро бо собиқаи кор дар ниҳодҳои қудратӣ биорад. Аммо бархе аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Бадахшон ин тасмимро "иштибоҳ" мепиндоранд.
Улфатхонум Мамадшоева, фаъоли ҷомеаи Бадахшон, гуфт, "Алишер Мирзонаботов таҷрибаи Файзовро надорад. Дар ҳодисаҳои нооромии Рӯшон дар соли гузашта, ҳарчанд Мирзонаботов зодаи ин ноҳия аст ва намояндаи амният аст, натавонист, масъаларо ҳал кунад. Боз Файзов ҳамаро рӯ ба роҳ монд. Ҳукумати марказӣ ба Файзов боз ҳам имкони бештар медод ва ӯ бо маҳорати мудирияте, ки дорад, ба фоидаи мардуми Бадахшон боз корҳои зиёде мекард."
Ҳоло бисёриҳо мунтазири онанд, ки идомаи карйераи сиёсии Ёдгор Файзов чӣ хоҳад шуд. Тахмин мезананд, ки агар ӯ ба мақоми баландтар равад, пас, ончӣ шуд, як тағйири кадрии маъмулист, вале агар бо ҳамин саҳнаи сиёсиро "падруд" гӯяд, маълум мешавад, ихтилофҳое дар миён аст.