Хадамоти марзбонии Қирғизистон рӯзи 6-уми ноябр дар эъломияе гуфт, ки гуё низомиёни тоҷик ба як сарҳадбони қирғиз ҳамла карда, ба мошини ӯ санг андохтаанд ва кӯшиш кардаанд, як марзбони дигарро боздошт кунанд.
Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон дар ин бора иттилое надодаанд, ҷониби Қирғизистон мегӯяд, ҳодиса 4-уми ноябр дар роҳи Арка-Борбордуқ рух дод.
Ин минтақа дар байни ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ҷойгир аст.
Тоҷикистон то ҳол дар бораи ин ҳодиса дар марз изҳори назар накардааст. Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, ҳарчанд марзбони он кишвар осеб надид, оинаи мошинааш шикастааст.
"Дар пайванд ба ин ҳодиса мулоқоти намояндагони идораҳои марзбонии Қирғизистону Тоҷикистон дар назар аст", - гуфтаанд дар Хадамоти сарҳадбонии Қирғизистон.
Тоҷикистон бо Қирғизистон 970-980 километр марз дорад, ки аз ин танҳо 519 километр мушаххас ва нишонагузорӣ шудааст. Ҳамасола дар минтақаҳои баҳсии марзи ду кишвар бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла бар сари тақсими обу замин ва истифода аз чарогоҳҳо муноқиша сар мезанад.
Дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи 28-29-уми апрели имсол дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон аз ду тараф 55 кас кушта ва даҳҳо кас захмӣ шуданд. Нерӯҳои ду кишвар якдигарро ба оғози ҷанг гунаҳкор мекунанд. Додситониҳои кулли ду кишвар дар пайванд ба ҳодиса парванда кушода, таҳқиқро оғоз карда буданд, аммо то ҳанӯз натиҷаи онро эълон накардаанд.