Ду узви зиндонии ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ аз раиси ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон хостаанд, ки барои бозбинии парвандаашон "дар ҳузури коршиносону нозирони байнулмилалӣ ва рӯзноманигорони дохиливу хориҷӣ" мусоидат кунад.
Зубайдуллоҳи Розиқ ва Раҳматуллои Раҷаб дар номае худро "гунаҳкорон"-и бегуноҳ хонда, навиштаанд, ки шаш сол боз паси панҷараҳои зиндон азият мекашанд. "Бар замми ин, бо тамғаҳои экстремисту террорист, хоинони миллату ватан таъна мешавем", -- гуфтаанд онҳо.
Маълум нест, ки нома ба ҳукумати Тоҷикистон дастрас шудааст ё не, вале расонаҳои наздик ба мухолифини тоҷик дар Аврупо онро 5-уми ноябр нашр карданд.
Номае бо ҳамин мазмун моҳи сентябри имсол аз номи чаҳор узви зиндонии ҲНИТ, ки Зубайдуллоҳи Розиқ ва Раҳматуллоҳи Раҷаб шомилаш буданд, ба мақомоти Тоҷикистон фиристода шуда буд.
Зубайдуллоҳи Розиқ ба 25 сол ва Раҳматуллои Раҷаб ба 28 сол зиндон маҳкум шудаанд. Мақомот онҳоро ба ҳамдастӣ дар ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифоъ, дар моҳи сентябри соли 2015 гунаҳкор карданд.
Худи онҳо дар нома гуфтаанд, "ин ки моро дар исёни “Ҳоҷӣ-Ҳалим” ташаббускор медонанд, бофтаву сохтаи доираҳои манфиатдор аст. Шумо, Ҷаноби Олӣ, хубтар медонед, ки маншаи исён аз куҷост ва ба чӣ хотир роҳандозӣ шуда буд."
Мақомоти Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломиро дар ҳодисаи 4-уми сентябри соли 2015, ки онро ошӯб меноманд, гунаҳкор карда, то кунун даҳҳо узв ва фаъолонашро боздошту зиндонӣ намудаанд.
Раҳбарони ҳизб дар хориҷа даст доштани худро дар ҳодисаҳои шаш сол пеш рад карда, онро баҳонаи аз саҳнаи сиёсии Тоҷикистон берун рондани "дуюмин ҳизби сиёсии пуртарафдор" медонанд.