Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз мансаб озод шуда, ба ҷойи ӯ Алишер Мирзонаботов таъин гардидааст.
Ғолиб Ниятбекзода, сухангӯи раиси вилоят, рӯзи 5-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, маросими муаррифии раиси нав дар шаҳри Хоруғ баргузор шуд. Раиси нави вилоятро Асадулло Раҳмонзода, ёвари президент дар масъалаи кадрҳо, муаррифӣ кардааст.
Алишер Мирзонаботов, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Бадахшон, то ин дам раиси шаҳри Хоруғ буд. Ӯ солҳо дар сохторҳои амниятӣ кор карда, то соли 2018 муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ буд.
Ёдгор Файзов дар аввалин вокунишаш баъди барканорӣ гуфт, “ман рисолатамро то ҷое тавонистам иҷро кардам.”
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Сухангӯи раиси вилояти Бадахшон гуфт, мақоми нави Ёдгор Файзов ҳанӯз маълум нест.
Ба гуфтаи Ғолиб Ниятбекзода, Ризо Назарзода раиси шаҳри Хоруғ таъин шудааст. Назарзода то ин дам муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш буд.
Инчунин, рӯзи 5-уми ноябр Назира Амирбекзода аз мансаби муовини раиси вилояти Бадахшон оид ба масъалаҳои идеологӣ барканор ва ба ҷойи ӯ Нилуфар Асламшоева таъин шудааст.