Оҷонси Амрико оид ба рушди байнулмилалӣ ё USAID аз соли 1992 ба ин тараф ба маблағи беш аз 650 миллион доллар ба Тоҷикистон кумак расондааст ва ҳамакнун дар рушди иқтисод, тандурустӣ ва маорифи кишвар саҳм мегузорад. Дар ин бора сафорати Амрико дар Тоҷикистон бо нашри иттилоияе дар остонаи 60-умин солгарди таъсиси ин ташкилот хабар дод.
Мубориза бо камғизоӣ ва камбизоатӣ, ёрӣ ба деҳқонон, ҳамкорӣ дар бунёди нерӯгоҳҳои хурди офтобӣ барои таъмини сокинони минтақаҳои дурафтода бо барқ, сармоягузорӣ барои мубориза бо вируси норасоии масунияти бадан ва бемории сил аз ҷумлаи тарҳҳое будаанд, ки дар 30 соли гузашта USAID ба Тоҷикистон мусоидат кардааст.
USAID мегӯяд, соли 2002 ба ин тараф ба рушди маорифи Тоҷикистон 60 миллион доллар ихтисос дода, дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми ин кишвар маводи хонишро ба наздик ба 80 сарсади мактабҳо ҳадя кардааст.
Ёриҳои ҳуқуқӣ ба муҳоҷирон ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии онҳо тавассути барномаҳои радиоӣ ва дарсҳои видеоӣ, аз ҷумлаи фаъолиятҳои дигари USAID дар Тоҷикистон будааст.
Дар пасманзари паҳншавии бемории коронавирус USAID дар моҳи марти соли 2020 ба Тоҷикистон 10,2 миллион доллар ҷудо кард ва ҳукумати Иёлоти Муттаҳида тавассути ин ташкилот ба Тоҷикистон беш аз 1,8 миллион ваксинаи Moderna ва Pfizer тақдим намуд.
Оҷонси Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) шаст сол пеш рӯзи 3-юми ноябри соли 1961 аз ҷониби президент Ҷон Кеннеди таъсис шуд. Ин ташкилот дар беш аз 100 кишвари ҷаҳон барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, таҳкими демократия ва рушди арсаҳои беҳдошт, маориф ва иқтисод бо шарикони худ дар тарҳҳои башардӯстона, якҷоя кор мекунад. USAID аз соли 1992 ба ин тараф дар Тоҷикистон фаъолият дорад.