Додгоҳи Ҷумҳурии Тотористони Русия Абдураҳмон Наумов, имоми собиқи як масҷид ва рӯҳонии шинохта дар ин ҷумҳуриро ба шашуним сол зиндон маҳкум кардааст.
Вакилаш Руслан Набиев рӯзи 2-юми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Наумовро барои раҳбарии ҳаракати исломии "Нур", ки фаъолияташ дар Русия манъ аст, ҷазо додаанд.
Наумов, ки имоми собиқи як масҷиди Қазон ва устоди Донишгоҳи Исломии Тотористон буд, моҳи марти имсол дастгир ва ба раҳбарии созмони "Нур" муттаҳам шуд.
Созмони мазкурро Саид Нурсӣ, як исломшиноси маъруфи турк, пеш аз маргаш дар соли 1960 таъсис додааст. Ӯ мухолифи атеизми замони коммунистӣ ва тарафдори истифода аз илмҳои муосир дар дини Ислом будааст.
Ҳаракати "Нур" дар ҷаҳон ва бахусус дар Туркия миллионҳо пайрав дорад, вале фаъолияташ аз соли 2008 дар Русия мамнуъ аст.
Мақомоти Русия мегӯянд, созмони "Нур" идеяи ташкили як кишвари исломии воҳид дар қаламрави кишварҳои туркзабонро тарғиб мекунад.