Муовини президенти Шӯрои олимпии Осиё ва домоди хурдии президенти Узбекистон Отабек Умаров 2-юми ноябр дар як нишасти байнулмилалӣ дар меҳмонсарои "Hilton"-и шаҳри Тошканд иштирок кардааст.
Бино ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, Умаров дар ин ҳамоиш, ки бо ҳузури намояндагони кумитаҳои олимпии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешуд, ҳудуди 30 дақиқа иштирок дошт.
Умарови 36-сола баъди як садамаи нақлиётӣ бо ҳавопаймои махсус аввал ба Маскав ва сипас ба Куриёи Ҷанубӣ интиқол ёфта буд. Ин садама 13-уми феврали имсол дар маркази шаҳри Тошканд рух дод.
Манобеъ гуфтанд, Отабек Умаров бо мототсикл садама карда, пояш маҷруҳ шудааст. Ба иттилои манобеъ, ӯро нахуст дар беморхонае дар Тошканд бистарӣ ва пояшро шаш соат ҷарроҳӣ кардаанд. Гуфта мешуд, пои рости вай аз се ҷо шикастааст.
Пештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабари бо суръати баланд рондани нақлиёт аз сӯи Отабек Умаров нашр мешуд. Тобистони соли 2019 вай дар кӯчаҳои Тошканд мошини навъи Tesla-ро бо суръати 200 км/соат ронд ва барои ин амал бештар аз 200 доллар ҷарима шуд.