Дар Душанбе дили даҳҳо кӯдаки гирифтори нуқси модарзодиро бепул ҷарроҳӣ кардаанд. Мақомот гуфтанд, онҳо аз хонаводаҳои камбизоат ҳастанд. Ҷарроҳӣ бо кумаки Имороти Муттаҳидаи Арабӣ анҷом шудааст.
Дили Нозимахони 7-соларо чанд рӯз пеш ҷарроҳӣ карданд ва ӯ худро назар ба гузашта хеле беҳтар ҳис мекунад. Ин наврас бо нуқси модарзодии дил ба дунё омадааст. Волидонаш пеш аз ҷарроҳӣ ба ӯ иҷозат намедоданд, ки зиёд ҳаракат кунад. Онҳо хавф доштанд, ки ҳар қадами нодурусти Нозимахон, афтодан ё асабонияти зиёд, метавонад, амали охирини зиндагияш бошад.
Ба нақли Нилуфар Исмоилҷонова, сокини ноҳияи Шаҳритус ва модари Нозимахон, онҳо дар феҳрасти хонаводаҳои камбизоат ҳастанд ва солҳо боз имкони ҷарроҳии фарзанди худро надоштанд. Онҳо дар навбат буданд.
"Духтарам роҳ мегашт, кабуд мешуд. Мегуфтам, ҳоло меафтад ва ягон ҳодиса мешавад. Назорат карда меистодем. Ҳар замон 20 метр роҳ мегашт, монда мешуд. Баъд мепурсид, чаро ман ин хел мешавам, бародаронам намешаванд?" – нақл кард Нилуфар Исмоилҷонова.
Марворид Муҳиддинова, сокини шаҳри Ҳисор, ҳам вақте азобҳои кашидаи фарзандаш Тобонро ба ёд меорад, гиря гулӯгираш мекунад. Наврас на бо ҳамсолонаш бозӣ карда метавонист ва на ба мисли онҳо ба мактаб мерафт. Ҳар дақиқа, ҳатто шабҳо маҷбур буд, вазъи саломати фарзандашро ҷиддӣ назорат кунад ва ӯро аз ҳамагуна ташвишҳо дур нигоҳ дорад.
Хонум Муҳиддинова мегӯяд, имрӯз фарзандаш бори аввал ором хоб рафт. Духтари ӯ, Тобони 11-сола, гирифтори нуқси модарзодии дил буд ва пизишкон маҷбур шуданд, ӯро ҷарроҳии кушода гузаронанд.
Дар доираи ин маърака, то ин дам 30 пизишк аз 12 кишвари дунё беш аз сад ҷарроҳии пӯшида ва бист ҷарроҳии кушодаи дил гузаронданд.
Беморон ва наздикони онҳо аз тамоми минтақаҳои кишвар ба шифохонаи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе меоянд. Барои гирифтани навбати ҷарроҳӣ танҳо маълумотнома аз ҷойи зист зарур аст. Шарти асосӣ ин аст, ки оилаи кӯдаки бемор бояд дар рӯйхати шахсони камбизоат бошад. Ҳамаи хадамоти тиббӣ, аз ҷумла ташхис, бистарӣ кардан, доруҳо ва хӯрок ройгон мебошад.
Восифҷон Турсунқулов, як масъули созмони хайрияи "Набадат", мегӯяд, "албатта, ҳамаи ин дар салоҳияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Тоҷикистон аст. Чунки пеш бурдани феҳристи ин бемориҳо ва хадамот ба онҳоро ба уҳда дорад. Аз номи лоиҳа маълум аст, ки ин барои оилаҳои камбизоат аст."
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Марди тоҷик ва ҳамсари собиқаш барои туҳфаи амири Дубай даъво доранд. ВИДЕОЧунин маъракаҳо аз соли 2017 гузаронда мешаванд. Тобистони гузашта беш аз 30 ҷарроҳии қалби кӯдакон аз оилаҳои камбизоат гузаронда шуд. Теъдоди умумии наврасоне, ки дар панҷ сол аз тамоми Тоҷикистон ҷарроҳӣ шуданд, ба 560 нафар мерасад.
Аммо ҳамаи кӯдаконеро, ки ҳамроҳи волидонашон ба ин беморхона меоянд, ҷарроҳӣ кардан номумкин аст. Маъракаи хайрия танҳо ҷарроҳии 100-110 нафар ноболиғро дар назар дорад. Ҷарроҳии онҳо то 2-юми ноябр мегузарад.
Тибқи омори расмии Вазорати тандурустӣ, дар Тоҷикистон ҳудуди 4 ҳазор кӯдак бо нуқси модарзодии дил сабт карда шудаанд. Албатта, на ҳамаи онҳо аз оилаҳои камбизоат ҳастанд.