Даҳҳо волидони кӯдаконе, ки аз дарди дил ранҷ мебаранд, як ҳафта аст дар саҳни маҷмааи тандурустии “Истиқлол”-и шаҳри Душанберо навбат мепоянд.
Дар ин беморхона ин шабу рӯз мутахассисони бемориҳои дил аз чандин кишвар бо ҳадафи анҷоми амалиёти ройгони ҷарроҳии атфоли дорои нуқси модарзодии қалб гирд омадаанд.
Зиёвуддин мехоҳад футболбоз шавад
Волидони Зиёвуддини 14-сола аз ноҳияи Ваҳдат ҳам тавонистаанд исми ӯро дар қатори 100 кӯдаку навраси дигар ба феҳрасти афроде, ки бояд ҷарроҳӣ шаванд, ворид кунанд. Агар бахташ омад кунаду то рӯзи 4-ми ноябр навбати Зиёвуддин бирасад, эҳтимол ӯ ба орзуи худ наздик
Бартарии ҷарроҳии навъи эндоваскулярӣ ҳамин аст, ки бидуни буридани қафаси сина аз роҳи сӯзанзанӣ дар рагҳо ва зери назари рентген анҷом мешавад. Ин методро яке аз пешрафтатарин роҳҳои муолиҷаи бемориҳои дил меноманд
мешавад. Зиёвуддин футболбоз шудан мехоҳад. Пинҳонӣ аз волидон баъзан бо дӯстонаш дар майдонча бозӣ мекунад, аммо баъди бозӣ саломатиаш бад мешавад.
Ӯ бо дарди қалб чашм ба дунё кушодааст ва аз ҳамон замон дар як шароити хос ва эҳтиёкорӣ тарбият мешавад. Аз ҷумла, ҳаракати аз ҳад зиёд ва варзиш барои ӯ манъ аст. Ҳаваси футболбозиро Зиёвуддин аз роҳи тамошои сабқатҳои футболи ҷаҳон бароварда мекунад. “Ба ман бозии тими «Барселона», «Реал Мадрид» ва тими «Истиқлол» маъқул аст. Бозии хеле хуб доранд. Сиҳат шавам, ҳатман мисли бачаҳои “Истиқлол» футболбоз мешавам. Мехоҳам сиҳат ва мисли дигар бачаҳо боқуввату варзишгар шавам”.
Барои ҷароҳии Зиёвуддин ва кӯдакони дигар, ки аз дарди қалб ранҷ мекашанд, ҳоло ҳудуди 50 табиб аз кишварҳои мухталифи дунё дар Тоҷикистон қарор доранд. Кӯдакон бо маблағи хайриявии ҳукумати Имороти Муттаҳидаи Араб ҷарроҳӣ мешаванд. Гурӯҳи пизишкон ҳам бо мусоидати бунёди хайриявии “Лона” аз Тоҷикистон ва бунёди Муҳаммад Рашид Махдум аз Арабистон ба Душанбе омадаанд.
Ҷарроҳӣ аз рӯи методи эндоваскулярӣ
Қарор аст то рӯзи 4-уми октябр ҳудудан 100 кӯдаки то 18-сола ройгон ҷарроҳӣ шавад. Ба гуфтаи Хуршед Рафиев, як ҷарроҳи тоҷик дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” дар давоми чор рӯзи кори табибони хориҷӣ ҳудуди 30 тифлро ҷарроҳӣ кардаанд. “Шукр, ки ягон ҳолати фавт ба қайд гирфта нашуд. Ҳама ҷарроҳиҳо бомуваффақият анҷом ёфт. Аллакай беш аз 10 нафарро мо баъди ҷарроҳӣ ба хона ҷавоб додем.
Бартарии ҷарроҳии навъи эндоваскулярӣ ҳамин аст, ки бидуни буридани қафаси сина аз роҳи сӯзанзанӣ дар рагҳо ва зери назари рентген анҷом мешавад. Ин методро яке аз пешрафтатарин роҳҳои муолиҷаи бемориҳои дил меноманд, ки аксар вақт натиҷаҳои мусбат дорад. Бемори ҷарроҳишуда дар рӯзи сеюми баъди амалиёт мешавад ҷавоб дод”.
Модароне, ки пушти дари шӯъбаи ҷарроҳӣ дар маҷмааи тандурустии «Истиқлол» ин шабу рӯз дар ҳолати ҳаяҷону интизорӣ қарор доранд, ҳама мунтазири хабарҳои хуш аз табибон мебошанд. Бархе ҳам, ки аллакай хабари бомуваффақият анҷом ёфтании ҷарроҳи тифли худро шунидаанд, ашки шодӣ мерехтанд. Аксари ин модарон мегӯянд, умед надоштанд, ки метавонанд чунин як ҷарроҳии гаронарзишро солҳои наздик анҷом диҳанд. Арзиши чунин амалиёт дар клиникаҳои хориҷӣ ҳазорҳо долларро ташкил медиҳад.
Хурдтарин бемор 3 моҳ дорад
Дилором Гулматова ҳамроҳ бо тифли 2-солааш аз ноҳияи Турсунзода омадааст. Ӯ мегӯяд, дар Тоҷикистон табибон барои ҷарроҳии фарзандаш, ки қалбаш сурохӣ дорад, 36 ҳазор сомонӣ пурсида буданд. “Мо ин шароитро надоштем. 4 фарзанд дорем. Фақат шавҳарам кор мекард. Кӯдакро хеле эҳтиёт мекардем, аммо як рӯз хуб бошад, як ҳафтаи дигар бемор буд. Ғайриинтизор ҳамин ҷо овардам, гуфтанд, «фардо биё», вале ман нарафтаму то бегоҳ шиштам. Табибон ҳам маро диданд, дилашон сухт ва ҷарроҳиро имрӯз карданд.”
Хурдтарин беморе, ки аз ҷониби табибони хориҷӣ ҷарроҳии қалб шуд, ҳамагӣ 3 моҳ дошт. Наздикони Фаттоҳи ширхор барои ройгон ҷарроҳӣ кардани ӯ 3 рӯз навбат истоданд. Фаттоҳ аз модар бо қалби калон ба дунё омадааст ва фавран ба ҷарроҳӣ ниёз дошт.
Равшаной Сатторова, модаркалони ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Ба мо гуфтанд, ки яксола нашуда бояд ҷарроҳӣ шавад, вагарна бояд ба Ҳиндустон барем. Мо ин имконро надоштем ва ташаккур аз масъулин, ки чунин имконияте барои мо фароҳам шуд. Аз мо ягон сӯм талаб нашуд”.
4000 тифли дорои нуқси қалб
Бино ба иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор тифл бо нуқси қалбӣ ба сар мебаранд. Ҷароҳҳии қалб як мушкил ва гаронарзиш аст. Барои гузаронидани ин навъи ҷарроҳӣ дар Тоҷикистон аз 30 то 90 ҳазор сомонӣ зарур аст.
Ҷурахон Бобохонов, раҳбари бунёди хайриявии “Лона”, ки ҳадафаш кӯмак ба хонаводаҳои камбизоат дар табобати фарзандонашон аст, мегӯяд ба бунёди онҳо ҳам волидони зиёде маҳз барои табобату ҷарроҳии атфоли худ, ки аз дарди қалб ранҷ мекашанд, муроҷиат мекарданд. Маҳз ҳамин ҳам сабаби пешниҳоди чунин як лоиҳа аз сӯйи ин бунёд шудааст. “Ин лоиҳа ду сол пеш аз ҷониби бунёди “Лона” ба фондҳои хайриявии хориҷ пешниҳод шуда буд ва аз тарафи Фонди Муҳаммад Рашид Махдум дар Имороти Муттаҳидаи Араб дастгирӣ ёфт. Дар ин ду сол корҳои омодагӣ барои амалӣ намудани лоиҳа идома дошт.”
Ҷарроҳии ройгони кӯдакони гирифтории бемории қалб то рузи 4-уми ноябр идома мекунад. Баъдан ба гуфтаи масъулин чанд нафар аз табибони хориҷӣ барои муддате ҷиҳати назорати атфоли ҷарроҳишуда дар Тоҷикистон мемонанд. Тасмим ин аст, ки дар даври дуввуми лоиҳа дар моҳи феврал табибон дубора ба Душанбе баргашта ба ҷарроҳии навбати дуюми беморон машғул шаванд.