Муҳоҷире, ки ногаҳон дар Русия даргузашт, ба хок супурда шуд. ВИДЕО

Лаҳзаи афтодани ин муҳоҷир дар дурбини назоратии мағоза сабт шудааст

Рӯзи гузашта дар оромгоҳи Душанбе ҷасади ҷавонеро ба хок супориданд, ки чанд рӯзи пеш ба таври ногаҳонӣ дар ҷоий кораш дар Русия ба ҳалокат расид.

Наворе, ки дар он Сафари 22-сола, ҳангоми ҷобаҷогузории бор дар яке аз мағозаҳои Маскав, эҳтимолан бо сабаби якбора аз кор мондани дилаш, ба замин мефтад, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд.

Барои интиқоли тобути ӯ ба Душанбе муҳоҷирон маблағ ҷамъ кардаанд. Ба гуфтаи онҳое, ки Сафарро мешинохтанд, марҳум се соли охир дар муҳоҷират буд. Субҳи рӯзи 27-уми октябр ҷасади ӯ ба дасти пайвандонаш расид.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Дар Русия ҳудуди як миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд. Соле наздики ҳазор тобути муҳоҷирон ба Тоҷикистон интиқол меёбад. Аксари онҳо дар ҳодисаҳои нохуш ва ё аз бемориҳои гуногун мефавтанд.