Тавофуқ барои пешгирӣ аз муноқишаҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Ин бино дар муноқишаи пурқурбонии моҳи апрели соли ҷорӣ хароб карда шуд. 4 май, деҳаи Мақсади вилояти Ботканд

Мақомот дар Исфараву Бодканд ба созиш расиданд, ки барои ҷилавгирӣ аз муноқишаҳои марзӣ чоранадешӣ намоянд. Рӯзи 27 октябр дар деҳаи Хоҷаи Аълои Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо Абдукарим Алимбоев, намояндаи ваколатдори раисҷумҳури Қирғизистон дар вилояти Бодканд музокирот намуданд. Дар пайи ин дидор тасмим гирифта шуд, ки ҳама гуна сохтмон дар наздикии "сарҳади шартӣ" қатъ шуда, чорвои ба ҳудуди тарафҳо воридгардида ба ҳамдигар баргардонида мешавад ва барои пешгирӣ аз қочоқ тадбирҳои муштарак амалӣ мегардад. Ниҳодҳои интизомии манотиқи марзии Қирғизистону Тоҷикистон бояд дар ояндаи наздик тарҳи иқдомоти муштарак барои таъмини субот дар марзро таҳия ва мувофиқа кунанд. Марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 980 километр буда, пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар он даҳҳо қитъаҳои баҳсбарангез боқӣ мондаанд. Аз ин сабаб аҳёнан байни сокинон ва низомиёни ду кишвар низоъхо, аз чумла бо истифодаи аз силоҳ ба амал меоянд. Феълан Комиссияи ҳукуматии ду кишвар музокирот дар бораи таъину аломатгузорӣ дар марзро идома медиҳанд.