"Давоми ҷавонӣ" --консерти онлайнии Ҷӯрабек Муродов. ВИДЕО

Ҷӯрабек Муродов, ҳунарманди шинохтаи тоҷик.

Ҷӯрабек Муродов, ҳунарманди шинохтаи тоҷик бори аввал шоми 22-юми октябр дар "Ютюб" консерти онлайн баргузор кард. Барномааш бо номи “Давоми ҷавонӣ” бахшида ба шастсолагии фаъолияти эҷодиаш буд. Вай дар оғози барномааш гуфт, ду соли охир ба сабаби бемории ҳамагир консерт надошт ва аз дидори мухлисон маҳрум буд.

Ҷӯрабек Муродов афзуд, "ман бори аввал бе тамошобин суруд хондам. Хеле азоб кашидам. Чунки ҳамеша дар барномаҳоям бо тамошобин дар гуфтугӯ будам. Вале чаро баномаро ба ин шакл пешниҳод кардем? Чунки ҳанӯз ҳам аз бемории КОВИД- 19 дар ҳарос ҳастем, ки баногоҳ ягон тамошобини ман бемор гардад, хеле рӯҳан азоб мекашидам. Аксаран ин навбат чун дар хона нишаста барномаи маро тамошо карданд, ба онҳо маъқул шуд ё нашуд, намедонам. Аз ҳамаи барномаҳои қаблиам сурудҳоро интихоб кардаву аз ғалбер гузаронида, пешниҳод намудам".

Ин овозхон ҳудуди 20 сурудашро, ки дар равияи сурудҳои халқию "Шашмақом" эҷод гардидаанд, ҳамроҳи мутрибони Ансамбли шашмақомхонони “Нури Хуҷанд” манзури ҳаводоронаш кард. Даҳҳо ҳазор тамошогарон, муҳоҷирони кории тоҷик дар Русияву Амрико ва аз дигар гушаву канори олам ӯро дар ин барномаи зинда ҳамроҳӣ намуданд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Консерти бе мухлиси Ҷӯрабек Муродов

Дастандаркорони барнома мегӯянд, борҳо ба Ҷӯрабек Муродов дархости баргузории чунин консертро карда буданд. Парвизбек Муродов, раҳбари ширкати JM гуфт, "то ҳамин синни 79-солагиашон ҳарсол шабҳои эҷодӣ доир мекарданд, вале соли гузашта ба сабаби пандемия натавонистем доир кунем. Барои он, ки мардум шояд бемор мешуданд. Баъд падарамро ҳам мо эҳтиёт мекардем ва тули якуним сол аз хона берун набаровардем".

Ҷӯрабек Муродов, ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад ва аз соли 1990 то 1995 вакили Шӯрои олии Тоҷикистон буд. Вай ҳамчун овозхони мардумӣ ба даҳҳо кишвари дунё сафар намуда, ҳунарнамоӣ кардааст. Қасд дорад соли оянда ба муносибати 80-солагиаш барномаи бузурги консертиро бо ҳузури мухлисонаш доир намояд.