Яке аз раҳбарони ҳазораҳои Афғонистон мегӯяд, дар як маҳаллаи Кобул ҷасади 8 кӯдакеро пайдо кардаанд, ки аз гуруснагӣ мурдаанд.
Муҳаммад Муҳаққиқ рӯзи 24-уми октябр дар баёнияе дар Фейсбук навишт, ин кӯдакон дар маҳаллаи 13-уми Кобул, дар ғарби шаҳр, се ҳафта пеш ҷон додаанд ва ҷасади онҳоро муллоҳо ва мардуми маҳалла ба хок супурдаанд.
Мулло Муҳаммад Алӣ Бомиёнӣ, яке аз муллоҳои маҳалла, гуфтааст, ки калонтарин кӯдак 8-сола ва хурдтарини онҳо якунимсола будааст.
Ба қавли Мулло Муҳаммад, волидони ин кӯдакон вафот кардаанд ва онҳо ягон хеши дигар надоштаанд. Ӯ афзудааст, ки ҳангоме ба хонаи кӯдакон рафт, онҳоро ба ҳадде гурусна пайдо кард, ки ҳатто пойи хешро дароз карда наметавонистанд.
Ҳукумати "Толибон" ҳанӯз ин хабарро шарҳ надодааст. Аз ин пеш Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, агар ба Афғонистон ба зудӣ кумак нашавад, мумкин аст, дар кишвар қаҳтии саросарӣ рух бидиҳад.