Дабири кулли СММ гуфт, аз ҳаққи занону духтарони афғон ҳимоят мекунад

Антонио Гуттериш, дабири СММ

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, ба талошҳояш барои таҳсили духтарони афғон ва ҷалби занон ба кор дар Афғонистон идома медиҳад.

Антонио Гуттериш, дабири кулли СММ рӯзи 23-уми октябр дар саҳифаи Твитераш навишт, ки Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон мемонад ва ба дифоъ аз ҳаққи занону духтарон пойфишорӣ мекунад.

Толибон, ки рӯзи 15-уми август Кобулро тасарруф карданд, ба занону духтарон иҷозаи кору таҳсил намедиҳанд.

Фишорҳо ба Толибон аз сӯи ҷомеаи Афғонистон ва ҷомеаи байналмилалӣ барои иҷозаи кору таҳсил ба занону духтарон давом дорад.

Толибон ба духтарони аз синфи 6 боло иҷозаи таҳсил надодаанд ва барои бозгашти занон ба кор низ мухолифат доранд.

Аксари кишварҳои дунё як шарти пазируфтани ҳукумати Толибонро дар иҷозаи кору таҳсил ба занону духтарон донистаанд.