Соҳибкори озаритабори Русия ва собиқ моликдори бозори Черкизов Телман Исмоилов дар Черногория (Монтенегро) паноҳандагии сиёсӣ гирифтааст. Милош Вуксанович, вакили дифои Исмоилов рӯзи 22-юми октябр гуфт, ки баъди ин қарор зерҳимояи ӯ аз боздошт озод гардид ва парвандаи истирдоди ӯ ба Русия ҳам қатъ шуд. Маълум нест, ки бар кадом асос мақомоти Черногория ба Исмоилов ҳақи паноҳандагӣ додаанд. Худи мақомоти маҳаллӣ ин қазияро ҳанӯз шарҳ надодаанд. Исмоилов рӯзи 1 октябр бо талаби Русия дар шаҳри Подгоритсе – пойтахти Черногория боздошт шуд. Дар Русия ӯро дар ташкили куштори ду ё зиёда шахс гунаҳгор мекунанд. Вале аз соли 2009 кору даромади ӯ мавриди таваҷҷӯҳи тафтишот шуд, бозори Черкизов, ки мегӯянд, бо ҷинояти муташаккил рабт дошт, баста гардид. Соли 2015 Исмоиловро варшикаста ё банкрот эълон карданд.
Бародараш Рафиқ аз рӯи парвандаи куштори ду соҳибкори рус дар соли 2017 ба 17 соли зиндони низомаш сангин маҳкум шудааст ва худи ӯ ҳам маҳз аз рӯи ҳамин парванда дар ғайбаш ҳабс шудааст.