Низомиёни ИМА гуфтанд, дар Сурия як узви муҳими Ал-Қоида кушта шуд

Июли соли 2019. Ҷангиёни гурӯҳи марбут ба Ал-Қоидаи "Ҳаёт таҳрир аш-Шам" дар марзи Ҳамо ва Идлиби Сурия ҳаракат мекунанд

Як сухангӯи фармондеҳии марказии ИМА гуфт, ки дар натиҷаи ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини онҳо дар хоки Сурия як раҳбари калони гурӯҳи Ал-Қоида ба қатл расид. Ҷон Ригсби, сухангӯи фармондеҳии марказии артиши Амрико дар изҳороте гуфт, марги Абдлҳамид ал-Матар “тавони ин ташкилоти террористиро барои ташкил ва анҷоми ҳамлаҳои сартосарӣ зидди шаҳрвандони ИМА, шарикони он ва ҳам мардуми бегуноҳ ба ҳам мезанад”. Ригсби дар шарҳи худ навишт, “дар паи ҳамлае, ки бо истифодаи ҳавопаймои навъи MQ-9 анҷом шуд, нишонаҳо аз хисороти мулкӣ ба назар намерасад”. Ин ҳамла дар ҳоле сурат гирифт, ки ду рӯз пеш аз ин як қароргоҳи амрикоиҳо дар ҷануби Сурия мавриди ҳамла қарор гирифт.

Ҳафтаи ҷорӣ ИМА тасдиқ кард, ки рӯзи 20-уми октябр гарнизони “Ат-Танф” мавриди ҳамла қарор гирифт ва низомиёни амрикоӣ ҷароҳат бардоштанд.

Ригсби гуфт, ки Ал-Қоида Сурияро ба ҳайси паноҳгоҳи амн истифода бурда, ба ИМА ва муттафиқонаш таҳдид мекунад. Ба гуфтаи ӯ, ба ҳамин хотир ҳам ИМА муборизаашро зидди Ал-Қоидаву дигар созмонҳои террористӣ, ки ҳадафашон осеб расонидан ба ин кишвар аст, идома хоҳад дод.