Баъди берун рафтани нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон, раҳбарони "Толибон" гуфтанд, ки ҷанги тӯлонӣ дар ин кишвар ба поён расид. Аммо бо афзоиши ҳамлаҳои шохаи "Хуросон"-и гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар гӯшаҳои гуногуни Афғонистон оё ҷанги наве оғоз шудааст?
Ҳамлаҳои маргбор дар Кундузу Қандаҳор
Пас аз суқути ҳукумати Афғонистон ба дасти "Толибон" дар 15-уми августи имсол шохаи "Хуросон"-и ДОИШ масъулияти чанд ҳамлаи хунин, аз ҷумла ҳамлаҳои маргбор ба масҷиди шиаён дар Кундузу Қандаҳорро ба уҳда гирифт.
Дар ҳамлаи 15-уми октябр дар Қандаҳор наздик ба панҷоҳ нафар кушта шуда, ҳудуди 70 нафари дигар захмӣ гардиданд. Шавкат Алӣ, сокини Қандаҳор, мегӯяд, дар ин ҳодиса фарзандаш захмӣ шуд. Ҳоло ӯ аз масъулони ҳукумати "Толибон" мехоҳад, ки амниятро барқарор кунанд ва нагузоранд, мардуми одӣ қурбонӣ шаванд.
Рӯзи 8-уми октябр дар вилояти Кундуз ҳам дар ҳамлаи мушобеҳ (монанд) ба як масҷиди шиаён дар ҷараёни адои намози ҷумъа даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд. Ҳукумати "Толибон" қаблан саъй кардааст, таҳдиди ДОИШ-ро камаҳамият ҷилва диҳад ва гуфтааст, барои саркӯби ин гуруҳ чораҳое андешидааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Хеле бераҳманд." Шохаи "Хуросон"-и ДОИШ дар Афғонистон чӣ созмонест?Афзоиши ҳамлаҳои гуруҳи вобаста ба "Давлати исломӣ" бисёре аз афғонҳоро нисбат ба ояндаи ин кишвар нигарон кардааст. Баҳодур, сокини шаҳри Чорикори вилояти Парвон, ба Радиои Афғонистони Озод гуфт, "ДОИШ як хатари ҷиддӣ ба тамоми Афғонистон аст, ҳатто барои кишварҳои ҳамсоя. Ба хотири онки дар ҳоли сарбозгирӣ дар Афғонистон аст ва нуфузи бештаре нисбат ба гузашта дорад. Мо ҳоло аз ин вазъият бисёр нигарон ҳастем."
ДОИШ чӣ гуна қувват гирифт?
Як зан аз Каписо мегӯяд, ҳузури ДОИШ ва идомаи ҷанг дар Афғонистон дар канори афзоиши хушунатҳо мушкилоти бекорӣ ва фақрро ҳам ба бор меоварад: "Мо ҳатто нигарони зинда мондани худ ҳастем. Феълан кор нест, ҳеч чиз нест. Вазъият бадтар аз чизе аст, ки тасаввур мешавад. Занони Афғонистон нигарони ҳар гуруҳи террористӣ дар минтақа ҳастанд, ба хусус ДОИШ."
Дар ҳамлаҳои гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" алайҳи "Толибон" ва ғайринизомиён дар ду моҳи гузашта аксаран мардуми одӣ қурбон шудаанд. Ахиран як фаъоли маданӣ дар Нангарҳор, дар шарқи Афғонистон, кушта шуд, ки шохаи "Хуросон"-и ДОИШ масъулияташро пазируфт.
Нангарҳор, ки дар марз бо Покистон ҷойгир аст, ахиран маркази даргирии миёни "Толибон" ва ҷангҷуёни вобаста ба ДОИШ будааст. Яке аз сокинони Нангарҳор ба Радиои Афғонистони Озод гуфтааст, ҳамлаҳои гуруҳи "Давлати исломӣ" дар он вилоят баъди ба қудрат расидани "Толибон" бештар шуд. Вай изофа кард, ки бар асари ин ҳамлаҳо рӯзона аз ду то се нафар дар ин вилоят кушта мешаванд.
Шохаи "Хуросон" дар аввали соли 2015 дар Нангарҳор пайдо шуда, фаъолиятҳояш дар вилоятҳои Кунар ва Ҷузҷон густариш ёфт. Ин гуруҳ дар соли 2016 дар амалиёти низомиёни Амрико ва афғон суст шуда буд.
Коршиносон мегӯянд, бо набудани нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон ва озодии садҳо зиндонии ДОИШ аз маҳбасҳо дар ин кишвар, ин гуруҳи тундрави исломгаро дубора қувват гирифтааст. Эндрю Майнз, муҳаққиқи Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон, ба Радиои Озодӣ гуфт, агар аз ҳамлаҳои гуруҳи вобаста ба ДОИШ дар Афғонистон пешгирӣ нашавад, "дар моҳҳои оянда марг, вайронӣ ва оворагии даҳҳо ҳазор афғонро дар пай хоҳад дошт".
Вазири "Толибон" гуфт, ки ҷангҷӯён аз чӣ рӯҳия мегиранд
Ба гуфтаи коршиносон, шохаи "Хуросон" дар талоши эҷоди ихтилофҳои фирқаӣ дар Афғонистон аст, то ҳукумати "Толибон"-ро ба чолиш рӯбарӯ кунад. Ҷейкоб Зенн, яке аз аъзои аршади Бунёди Ҷеймстаун дар Вашингтон мегӯяд, дар сурати бесуботии Афғонистон машруияти "Толибон" зери суол меравад. Аз диди ӯ, бо сустии ҳукумати "Толибон" замина барои фаъолияти ДОИШ фароҳам мешавад.
Коршиносон бовар доранд, "Толибон" дар Афғонистон барои табдил шудан аз як гуруҳи шӯришӣ ба як ҳукумат бо имтиҳони душвор рӯбарӯ ҳастанд. То кунун ҳеч кишвари ҷаҳон "Толибон"-ро ба расмият нашинохтааст. Аз сӯе дигар бо хатари суқути иқтисод ва низ буҳрони вайронгари башарӣ рӯбарӯ ҳастанд.
Амирхон Муттақӣ, сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии "Толибон" дар Афғонистон, дар суҳбат бо хабаргузории “Анадолу”-и Туркия гуфт: "ДОИШ дар Афғонистон кадом марказ надорад, аммо барояш таблиғот сурат мегирад, ки ҳукумати кунунии Афғонистон суст нишон дода шавад. Фишорҳо бар ҳукумат аз берун зиёд мешавад ва ДОИШ аз ин фишорҳо рӯҳия мегирад."
Дар умум ДОИШ таҳдиде барои мардуми одии Афғонистон аст, ки дар ҳоли ҳозир ҳам ба мушкилоти амниятӣ ва ҳам гуруснагиву оворагӣ дучоранд.
"Толибон" пеш аз ин гуфтааст, гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ"-ро дар Афғонистон нобуд мекунад. Аммо ҳоло мушаххас нест, ки то чӣ ҳад тавони саркӯби ин гуруҳи тундрав ва барқарории амнияти сартосарӣ дар Афғонистонро дорад.