Парвиншо Муҳаббатов, наврасе, ки дар ноҳияи Ванҷи вилояти Бадахшон бо кумаки омӯзгор Рамазон Синонов аз чанголи хирс наҷот ёфт, ҷарроҳӣ кардаанд. Духтурон гуфтанд, Парвиншо ва Рамазон Сангинов аз сар ва бозувон захмӣ шудаанд ва ҳоло дар бемористон бистариянд. Ҳодиса 19-уми октябр дар ҷангали "Ғумаст"-и ноҳияи Ванҷ рӯй дод.
"Барои санҷиш ба Хоруғ мефиристем"
Шовайс Шоҳнасриддинов, сардухтури бемористони марказии ноҳияи Ванҷ, рӯзи 22-юми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Парвиншои 14-соларо ҷарроҳӣ карда, ҷойҳои даридаи сарашро дӯхтаанд.
Ба қавли ӯ, "хирс бо дандонҳояш сари ӯро хоида, захмӣ кардааст. Чанд ҷойи сараш дарида буд, дӯхтем. Парвиншо ва муаллим Рамазон Синонов даҳ рӯз зери назорат мемонанд ва сипас барои ташхиси томографӣ ба беморхонаи марказии Хоруғ мефиристем."
Шоҳнасриддинов вазъи Парвиншо Муҳаббатовро начандон хуб ва аҳволи омӯзгор Рамазон Синоновро хуб арзёбӣ кард.
Хирс чӣ гуна ба наврас дарафтод?
Ҳамлаи хирс ба Парвиншо Муҳаббатов рӯзи 19-уми октябр дар ҷангали "Ғумаст"-и ноҳияи Ванҷ рух додааст. Рамазон Синонов, муллими тарбияи ҷисмонӣ, мегӯяд, он рӯз садои фиғони Парвиншоро шунид ва ӯро аз чанголи хирс наҷот дод.
Омӯзгор ҳодисаро чунин нақл кард: "Тақрибан 10 нафар барои ҷамъоварии ҳезум ба "Ғумаст" рафтем. Калонсолон бо табару арра ба буридани дарахт машғул будем. Хирсе безобита шуда, ба се хурдсол ҳамла кардааст. Яке аз наврасон худро ба дарёи Ванҷоб партофта, фирор намудааст. Чашмам ба Парвин афтод, ки зери пои хирс дод мезад. Давида омадам ва бо дастонам даҳонашро аз тани Парвин ҷудо кардам. Дигарон ҳам бо чӯб ва ҳар чизе доштанд, ба хирс заданд ва ӯ гурехт. Парвини хунолудро бо мошин ба беморхона овардем."
Худи Рамазон Синонов дар вақти озод кардани шогирдаш аз чанголи хирс захмӣ шудааст. Синонов 48-сола аст ва дар мактаби рақами 23-и деҳаи Вишхарфи ноҳияи Ванҷ ба талабаҳо дарси тарбияи ҷисмонӣ медиҳад.
Волидони Парвиншо Муҳаббатов барои наҷот додани фарзандашон аз омӯзгор сипосгузоранд. Онҳо мегӯянд, Рамазон Синонов ҷонашро ба хатар гузошта, фарзанди онҳоро аз чанголи хирс наҷот дод.
Вақти рӯбарӯ шудан ба хирс чӣ бояд кард?
Дар ҳамин ҳол, масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба сокинон ҳушдор додаанд, ки дар вақти ҷамъоварии ҳезум дар ҷангал аз ҳамлаи ҳайвонҳои ваҳшӣ эҳтиёткор бошанд.
Кумита ба сокинон машварат додааст, ки дар ҳолати рӯбарӯ шудан бо хирс бояд ин қоидаҳоро риоя кунанд: "Надавед, фирор накунед. Аздусар аз хирс тезтар давида наметавонед. Вай метавонад, бо суръати 40 километр дар як соат ҳаракат кунад ва дар ҳар ҳолат Шуморо ба замин мехобонад."
Ҳамлаи хирсҳо ба сокинони минтақаҳои кӯҳистонии Тоҷикистон дар гузашта низ ба мушоҳида расидааст.
Ҷонварони ваҳшӣ, хусусан гургу шағолон, чанд дафъа ба сокинон дар Бадахшон ва гӯшаҳои дигари Тоҷикистон ҳамла карда, дар баъзе маврид боис ба марги онҳо гаштаанд. Рӯзи 20-уми октябр дар деҳаи Зонги ноҳияи Ишкошим як бабр вориди оғили сокинон шуда, 33 чорвои мардумро захмӣ кардааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Як хирс дар ноҳияи Ванҷ ду нафарро захмӣ кардааст"Аз дасти хукҳо ба дод омадем" ВИДЕОҲукумат иҷозат дод, 10 хирси “ваҳшӣ” парронда шавадХирс Маҳмадназарро захмӣ карда, 35 чорворо куштаастРаҳоии ду хирси нохунсафед дар Мурғоб (ВИДЕО)Хирс Абдуҷаббори ноболиғро захмӣ кард ва сагашро кушт