Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хирс Маҳмадназарро захмӣ карда, 35 чорворо куштааст


Дар пайи ҳамлаи хирс як сокини ноҳияи Дарвоз захмӣ шуда, 35 чорвои хурду калон талаф ёфтаанд.

Як хирс бо ду бачааш дар ноҳияи Дарвоз ба сокини ҳамин ноҳия Маҳмадназар Худоиев ҳамла карда, китфу шикамашро шадидан захмӣ кардааст. Ин сокини 40-солаи деҳаи Зиғар рӯзи 26 апрел дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ки бо вуҷуди доруву дармон ҳанӯз ба худ наомадааст.

Маҳмаданазар Худоиев бо ёдоварӣ аз лаҳзаҳои ҷанги тан ба танаш бо хирс гуфт: "Вақте говҳоро ба чарогоҳ бурдам, бо истифода аз фурсат барои чидани чукрию алафҳои дигари баҳорӣ ба болотари куҳ баромадам. Дар баландӣ ду арчаи бузург буд ва вақте хостам аз назди арачаҳо убур кунам, хирси сиёҳи бузургҷусса алакай маро дида ва мунтазир будааст. Он вақт фосилаи байни мо камтар аз ду метр буд."

Худоиев мегӯяд, вақт фирор кард, хирс ҳам ба дунболаш шуда ва бо панҷаҳояш ба китфони ӯ задааст: "Пӯсти китфҳоям дарида, хуншор шуданд. Ман ҳам аз зери фуки хирс доштам, вале ҳеч фоида надошт. Бо чанголҳояш ба сари рӯ ва шикамам зад. Шикамам дарид ва қариб буд рӯдаҳоям овезон шаванд. Боз як зарба аз баландии ду метр ба поёнтар афтонд, ки тахтапуштам дар санг бархард ва дарди ҷонкоҳ кашидам."

Аловуддин Афғонов, раиси ҷамоати Нулванди ноҳияи Дарвоз, низ дар суҳбат бо Озодӣ ҳамлаи хирс ба Маҳмадназар Худоиевро тасдиқ карда ва гуфт, ки захмҳои ӯ хеле амиқанд ва барои пурра шифо ёфтан бояд муддати тӯлонӣ табобат бигирад. Афғонов мегӯяд, ки танҳо доду войи зиёди Маҳмаданазар хирсро нагузоштааст, ҳамларо идома диҳад. "Вақте хирс меравад, ӯ ҳам хазида-хазида то сари роҳи мошингард меояд ва ронанадаи як мошине, ки аз деҳа ба тарафи маркази ноҳия мерафтааст, ӯро дида зуд ба беморхона бурдааст."

Маҳмадназар Худоиев тайи чанд сол боз дар муҳоҷирати корӣ дар Русия буда, имсол барои дидани наздиконаш ба Дарвоз омадааст. Аловиддин Афғонов, раиси ҷамоати Нулванд, гуфт, ҳоло Маҳмадназар кам-кам ба роҳгардӣ шурӯъ кардааст ва меафзояд, ки дар ҳамин шабу рӯз ҳамлаи хирсҳо ба хонаи мардум махсусан ба оғилҳо бештар шуда, дар муддати як моҳи охир 25 чорвои хурд ва 10 говро куштаанд.

Ба қавли ӯ, хирсҳо дар чарогоҳҳои деҳаи Зиғар ва Жаг бештар шабона ҳамла мекунанд ва дар ин миён 10 оғили сокинонро хароб кардаанд. “Хирс вақте садои гӯсфанду говро мешунавад, дасташро аз тирезаҳои оғил ба дарун дароварда, деворро чаппа мекунад ва чорворо мекушад,” – гуфт ӯ.

Ба қавли Афғонов, феълан бо кӯшиши ҷамоати деҳот як гуруҳи махсус бо силоҳҳои шикорӣ таъсис дода шудааст ва барои наҷоти чорво ва ҷилавгирӣ аз ҳамлаи хирсҳо тадбирҳо ҷуста истодаанд.

Ҳамлаи хирсҳо ба сокинони манотиқи куҳистонии Тоҷикистон дар гузашта низ ба мушоҳида расидааст. Се соли қабл дар пайи ҳамлаи хирс як ҷавони ноболиғ дар ноҳияи Рашт, дар шарқи Тоҷикистон, ҷароҳат бардошта ва дар бемористон бистарӣ шуда буд.

Дар гузашта низ дар Бадахшон ва дигар манотиқи Тоҷикистон чанд маротиба ҷонварони ваҳшӣ, хусусан гургу шағолон ба сокинон ҳамла намуда, ҳатто боис ба марги онҳо гашта буданд. Аввалҳои моҳи феврали соли 2013 як сокини 81-солаи ноҳияи Рӯшон ҳадафи ҳамлаи гургон қарор гирифта буд. Гуфта мешуд, бо зиёд шудани боришоти барф дар зимистони имсол хавфи ҳамлаи гургон ба сокинон зиёд шудааст.

Моҳи январи соли 2013 дар Бадахшон боз як зани солманди 90-сола мавриди ҳамлаи гургон қарор гирифта буд, вале аз чанголи гургон ҷон ба саломат бурда буд.

Ҳамлаи шағолон ба сокинони ноҳияи Ёвон дар соли 2011 аз дигар ҳамлаи ҷонварони саҳроӣ ба шумор меравад, ки чанд нафарро газида маҷруҳ карда буданд. Дар он ҳангом мақомоти вилояти Хатлон гуфта буданд ба норасоии ваксина рӯ ба рӯ шуда буданд.

XS
SM
MD
LG