Як намояндаи Қирғизистон гуфт, роҳи донишҷӯёни тоҷикро кушоданд

Донишҷӯёни тоҷик, ки дар Қирғизистон таҳсил мекунанд

Як намояндаи ҳукумати Қирғизистон хабар дод, ки роҳи донишҷӯёни тоҷик барои таҳсил дар он кишвар боз шудааст.

Эдил Байсалов, муовини раиси Девони вазирони Қирғизистон, 21-уми октябр дар Твиттер навишт, "иҷозаи вуруд ба донишҷӯёни тоҷик яке аз тасмимҳои аввали Девони нави вазирон аст" ва онро "пули мустаҳками дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии байни халқҳои бародар" номид. Вале ҳукумати Қирғизистон дар ин бора расман хабар надодааст.

Мушкили донишҷӯёни тоҷик барои рафтан ба Қирғизистон моҳи майи имсол ва пас аз задухӯрди хунин дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон оғоз шуд.

Баъди ин ҳодиса, ки аз ду ҷониб даҳҳо куштаву захмӣ ва хонаҳои сӯхтаву вайрон ба ҷо гузошт, Қирғизистон сарҳади худро ба рӯйи шаҳрвандони Тоҷикистон баст.

Як гуруҳ аз донишҷӯёни тоҷик рӯзи 20-уми сентябри имсол дар назди сафорати Қирғизистон дар Душанбе ҷамъ шуда, боз шудани роҳро хостанд. Онҳо гуфтанд, пули таҳсилро дар донишгоҳҳои Қирғизистон супоридаанд ва дар сурати ҳозир нашудан ба дарсҳо эҳтимол ронда шаванд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, бахши зиёди донишҷӯёни тоҷикро баъди бозгашт аз Қирғизистон барои таҳсил дар донишгоҳҳои кишвар ҷой карданд.

Тибқи омори мақомоти Қирғизистон, дар соли хониши 2020-2021 дар он кишвар тақрибан 2 ҳазор донишҷӯи тоҷик таҳсил мекарданд. Шумораи донишҷӯёни қирғиз дар Тоҷикистон 105 нафар будааст.