Дар пешорӯи афзоиши ҳодисаҳои гирифторӣ ба коронавирус мақомоти Санкт-Петербург, дуюмин шаҳри калонтарини Русия маҳдудиятҳои иҷтимоиро сахттар мекунанд. Дар миёни тадбирҳои нав зарурати доштани маълумотномаи сиҳҳатӣ зикр шудааст, ки барои ворид шудан ба маъракаҳои серодам зарур мешавад. Борис Пиотровский, муовини раиси шаҳр гуфт, ки шурӯъ аз 1-уми ноябр ба ҳангоми ворид шудан ба варзишгоҳу муассисаҳои фарҳангӣ, ки дар як вақт ҳузури беш аз 40 нафарро пешбинӣ мекунад, доштани QR-коди вазъи сиҳҳатии шахс ҳатмӣ мешавад.
Аз 15-уми ноябр маҳдудиятҳо инчунин дар ҳавзҳои оббозӣ, фитнес-сентр, театру синамо, музей ва сиркҳо ҷорӣ мешавад. Шурӯъ аз 1-уми декабр маҳдудиятҳо дар тарабхонаву фурӯшгоҳҳои ин шаҳри макони зисти 5 миллион аҳолӣ ҷорӣ мешавад. Маҳдудиятҳо ба қаҳвахонаҳои ҷойгиршуда дар истгоҳҳо, дорухона ва ҳам дӯконҳои хӯрокворӣ рабт нахоҳад дошт.
Баъди Маскав дар Санкт-Петербург шумори гирифториҳои нав ба коронавирус дар ҳоли афзоиши босуръат мебошад. Дар ин шаҳр дар 24 соати гузашта 3100 нафари нав ба коронавирус гирифтор шуданд ва аз замони оғози пандемия шумори беморшудаҳо 667 ҳазор ва ҳодисаҳои марг 22 ҳазору 964 нафарро ташкил додааст.
Мақомот дар Русия мегӯянд, бо вуҷуди дастрас будани воксинаҳои зидди коронавирус, танҳо 32 дарсади аҳолӣ зидди COVID-19 эм шудааст ва ин масъала боиси афзоиши бемориҳо ва марги инсонҳо мешавад.