Ду филмсози рус аз кайҳон ба замин баргаштанд

"Роскосмос" мегӯяд, киштии ҳомили Юлия Пересилд 17-уми октябр дар Қазоқистон поин омад

Як киштии кайҳонӣ бо як фазонавард ва ду филмсози рус дар Қазоқистон поин омад ва ба сафари дувоздаҳрӯзаи онҳо ба истгоҳи фазоии байнулмилалӣ поён дод. "Роскосмос" гуфтааст, киштӣ ё сафина 17-уми октябр ба замин бозгашт.

Юлия Пересилд, ҳунарпешаи машҳури рус ва Клим Шипенко, коргардони филм ҳамроҳ бо фазонаварди рус Олег Новитский 5-уми октябр ба истгоҳи кайҳонии байнулмилалӣ фиристода шуда буданд.

Пересилд ва Шипенко барои наворбардории бахше аз филми "Чолиш" ба онҷо рафтанд. Қисса дар бораи сафари як ҳайати духтурон ба кайҳон аст, ки дар мадор амалиёти ҷарроҳии дилро анҷом медиҳанд.

Юлия Пересилд яке аз ҳунарпешаҳои муваффақи 10-15 соли охири синамои Русия буда, ҷоизаи Беҳтарин ҳунарпешаи занро аз худ кардааст. Клим Шипенко соли 2017 барои филме дар бораи фоҷеа дар кайҳон ҷоиза гирифтааст.

Русия дар бораи нияти филмгирӣ дар кайҳон замоне эълон кард, ки НАСА, Оҷонси кайҳоншиносии Амрико, гуфт, мехоҳад бо ширкати Том Круз филми бадеие дар кайҳон бардорад. Ҳоло маълум нест, ки ин нақшаи онҳо кай амалӣ мешавад.

Дар ҳоли ҳозир ҳафт фазонавард – се амрикоӣ, ду рус, як аврупоӣ ва як ҷопонӣ – дар истгоҳи фазоии байнулмилалӣ ҳастанд.