Солеҳмуҳаммад Регистонӣ, фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Афғонистон мегӯяд, Панҷшер суқут накардааст ва Толибон аз 23 дара танҳо як дараи ин вилоятро дар ихтиёр доранд.
Панҷшер танҳо вилояте дар Афғонистон буд, ки пас аз суқути Кобул ба Толибон таслим нашуд ва дар ин вилоят зери раҳбарии Аҳмад Масъуд Ҷабҳаи муқовимат созмон ёфт. Толибон бо нашри аксу видео иддао доранд, ки вилояти Панҷшерро тасарруф кардаанд.
Солеҳмуҳаммад Регистонӣ, фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Афғонистон рӯзи 14-уми октябр дар як суҳбат бо шабакаи “Афғонистон Интернейшнал” тасарруфи Панҷшерро таблиғи дуруғини Толибон хонд.
Ӯ гуфт: “Феълан, дар дараи аслӣ Толибон сохтмони чанд сангро дар даст доранд, ки мардум ҳамроҳашон ҳамкор нест. Дараҳои ҷонибии Панҷшер, ки 23 дара дорад, ҳамааш дар ихтиёри муқовиматгарон ҳастанд. Муқовимат идома дорад ва идома хоҳад кард”,--гуфт ӯ.
Ӯ гуфт, ки “ҳафтаҳои оянда асароти муқовиматро хоҳед дид”.
Толибон рӯзи 6-уми сентябр иддао карданд, ки Панҷшерро тасарруф карданд. Аз он замон бори аввал аст, ки фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимат бо як расона суҳбат мекунад. Дар гузашта видеоҳои зиёде аз ӯ ва чанд тан аз ҳамроҳонаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешуд, ки зоҳиран дар баландкӯҳҳои Панҷшер қарор доштанд.
Солемуҳаммади Регистонӣ дар ин суҳбат гуфт, ки муқовимат густарда хоҳад шуд ва Толибон бо зур ҳукумат карда наметавонанд.
Тоҷикистон аз кишварҳоест, ки ҳимояти худро аз Ҷабҳаи муқовимат эълон кардааст. Бархе аз чеҳраҳои шинохтаи ин Ҷабҳа феълан дар Тоҷикистон қарор доранд ва манобеи Радиои Озодӣ низ гуфта буданд, ки Аҳмад Масъуд низ ба ин кишвар сафар кардааст.
Солеҳмуҳаммад Регистонӣ сафари Аҳмад Масъудро ба Тоҷикистон рад накард. Ӯ гуфт: “Онҳо ба хориҷ аз кишвар рафтуомад доранд. Аввалин сафаре, ки Аҳмад Масъуд кард, бо далели даъвате буд, ки аз ӯ сурат гирифта буд.”
Қаблан манобеи Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки охири моҳи сентябр Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимат бо даъвати мақомоти Тоҷикистон барои музокирот бо Толибон ба Душанбе сафар доштааст.
Толибон рӯзи 15-уми сентябр Кобулро тасарруф карданд ва Афғонистонро “Иморати исломӣ” эълон карданд. Ҷабҳаи муқовимат бо раҳбарии Аҳмад Масъуд, ягона нерӯе дар Афғонистон буд, ки бар зидди Толибон эъломи мубориза кард.
Бо гузашти ду моҳ ҳеҷ кишвари дунё ҳукумати Толибонро ба расмият нашинохтааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
"Аҳмад Масъуд барои музокирот ба Тоҷикистон омад, вале аз Толибон дарак нашуд"Аҳмад Масъуд Толибонро ба "наслкушӣ ва поккориҳои қавмӣ" айбдор кард Дар Панҷшер чанд гӯри дастҷамъӣ ёфтанд? Иттилои ба ҳам зидди сафир ва "Толибон" ВИДЕО"Толибон" аз талошҳои дипломатӣ барои коҳиши таниш бо Тоҷикистон хабар дод