Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмад Масъуд Толибонро ба "наслкушӣ ва поккориҳои қавмӣ" айбдор кард


Аҳмад Масъуд
Аҳмад Масъуд

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар изҳороти тоза гуруҳи Толибонро ба ҷиноятҳои ҷангӣ аз ҷумла наслкушӣ ва қатлҳои дастаҷамъона дар Панҷшер гунаҳкор кардааст. Вале Толибон, ки ҳоло аксар манотиқи Афғонистонро зери даст доранд, ин иддаоро рад мекунанд. Ҷабҳаи муқовимат аз кишварҳои ҷаҳон хост, ҳукумати Толибонро ба расмият нашиносанд.

Аҳмад Масъуд, роҳбари Ҷабҳаи муқовимат субҳи 12-уми октябр бо пахши изҳороте дар сафҳаи фейсбукиаш гуфт, “Толибон бо идомаи куштори золимонаи мардуми мулкӣ, саркӯбгарӣ ва эъдомҳои саҳроӣ, ғасби дороиҳои мардум, таҷовуз бар ҳарими шахсии мардум, эъмоли сиёсати табъизӣ ва таассуб талош доранд то садои ҳақталабона ва озодихоҳонаи моро хомӯш созанд. Қатли оми намозгузорон дар масҷиди ҷомеаи Сайидобиди Кундуз, кӯч додани иҷбории мардуми мулкӣ аз хонаҳо ва амлокашон ба вижа дар вилоятҳои Қандаҳор, Балх, Дойкундӣ ва Андаробҳо, нопадидсозии афрод ва қатлҳои дастаҷамъӣ дар вилояти Панҷшер тавассути Толибон, намунаҳои рӯшани ҷинояти ҷангӣ, наслкушӣ, поксозии қавмӣ ва ҷиноят алайҳи башарият аст,”-омадааст.

Аммо Толибон батакрор ин иттиҳомотро рад карда, ҳамлаи маргбор дар масҷиди шиъагон дар Кундузро кори дасти аъзои гуруҳи ҳаросафкани ДОИШ эълом дошт ва маҳкум кард. Дар бораи қатлҳои дастҷамъона намояндагони аршади Толибон гуфтаанд, ин маълумотро таҳқиқ мекунанд, ҳарчанд ба ҳақиқати онҳо бовар надоранд. Толибон гуфтааст, баръакс барои мардум шароити амн фароҳам овардааст, то ба манзилҳои худ баргарданд.

Изҳороти Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон
Изҳороти Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон

Хабарҳо дар бораи қатли сокинони мулкӣ дар Панҷшер, ягона минтақае ки муқобили Толибон меҷангад, рӯзҳои гузашта ҳам садо дод. Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон рӯзи 11-уми октябр зимни як нишасти хабарӣ иддао кард, ки дар вилояти Панҷшер гӯрҳои дастҷамъии тақрибан 400 нафар ёфт шудааст. Гуруҳи "Толибон", ки назорат бар Афғонистонро ба даст дорад, ҳафтаи гузашта дар бораи кашфи як гӯри дастҷамъӣ дар ин минтақа хабар дод, аммо гуфт ин нафарон дар вақти ҷанг кушта шудаанд.

Роҳбарони Ҷабҳаи муқовимат дар изҳороти ахири худ, аз созмонҳои байналмилалӣ тақозо кардааст, ки “иқдомоти лозим ва оҷилро ҷиҳати расидагӣ ба вазъи риққатбори башарӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсонӣ ва хатми ҷинояти гуруҳи террористӣ рӯи даст бигирад.”

Толибон дар мақбараи Аҳмадшоҳ Масъуд
Толибон дар мақбараи Аҳмадшоҳ Масъуд

Ҷабҳаи муқовимат бидуни зикри ҳеч кишвари мушаххас аз сиёсати ба расмият нашинохтани ҳукумати Толибон тавсиф кардааст. Дар ин изҳорот ба он таъкид шудааст, ки Афғонистон ниёзманди ташкили як давлати фарогир аст то аз манофеи ҳама қавмҳои Афғонистон ҳимоят кунад.

Ҷабҳаи муқовимат аз неруҳои аслие мебошад, ки зидди Толибон меҷангад. Неруҳои ин гуруҳ асосан дар дараи Панҷшер ҳастанд, ҳарчанд Толибон рӯзи 6-уми сентябр аз тасарруфи комили дара хабар доданд. Аммо неруҳои зери роҳбарии Аҳмад Масъуд инро рад мекунанд.

Гуруҳи Толибон рӯзи 15-уми август пойтахти Афғонистон шаҳри Кобулро бидуни ҷанг ба даст овард ва эълони ҳукумат кард. Вале ҳукумати онҳоро то ҳол ҳеч кишваре ба расмият нашинохтааст. Танҳо намояндагон чанд кишварҳои минтақа ва Амрико бо намояндагони Толибон дидорҳое доштанд.

XS
SM
MD
LG