Авфи 300 ҳазор муҳоҷири тоҷику узбек аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Русия ба Владимир Жириновский раҳбари Ҳизби либерал-деморкати ин кишвар хуш наомадааст. Ин сиёсатмадори пархошгар ҳангоми суханронӣ дар Шӯрои Думаи давлатӣ аз Кумитаи ИДМ талаб кардааст, ки зарурати ин тасмим баррасӣ шавад.
Жириновский гуфтааст, онҳое, ки дар ин ҷо авбошӣ ва таҷовуз мекарданд ихроҷу омаданашон манъ шуда буд. Ҳоло онҳо авф шуданду бармегарданд.
Дар пайи танқиди Жириновский раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин ба Кумитаи оид ба корҳои ИДМ- санҷиши ин масъаларо супориш дода, ҳамазмон ёдоварӣ намудааст, авфи нав муҳоҷиронеро фаро мегирад ки ҳуқуқувайронкунии маъмурии марбут ба сабти буду бошро содир кардаанд, на ҷиноятҳои дигар.
Ҳафтаи гузашта Вадим Коженов, раҳбари Федератсияи муҳоҷирони Русия эълон кард, ки Вазорати корҳои дохилӣ 150 ҳазор муҳоҷирони тоҷикеро, ки ҳаққи вуруд ба Русияро надоштанд, афв намуд.
То кунун беш аз 270 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум мебошанд. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, муҳоҷирони тоҷик бештар ба сабаби мушкил дар ҳуҷҷатгузорӣ ва нақзи қоидаҳои будубош дар Русия ихроҷ мешаванд. Дар ин миён зиёданд муҳоҷироне, ки мегӯянд, бегуноҳ ва дастҷамъӣ аз Русия ронда шудаанд.