Дар шаҳри Конгсберги Норвегия шоми чаҳоршанбе як шаҳрванди Дания бо камон панҷ касро кушт. Пулис гуфт, ду тани дигар дар ин ҳодиса захмӣ шудааст.
Ҳамлагарро боздошт карданд. Вай шаҳрванди 37-солаи Дания аст. Пулис мушаххасоти дигари ӯро эълом накардааст. Боздоштшуда гуфтааст, бо тафтишот ҳамкорӣ мекунад. Дар бораи ангезаи ин амали вай то кунун хабаре нашр нашудааст.
Ҳамла дар маркази шаҳр рух дод. Шаҳри Конгсберг наздики 30 ҳазор сокин дорад.
Расонаҳо ин ҳамларо бо ҳодисаи 10 соли пеш шабоҳат доданд. Он замон Андерс Беринг Брейвик дар шаҳри Ослои Норвегия бештар аз 60 касро кушта буд.