Дар Додгоҳи шаҳри Душанбе ба муҳокимаи як гуруҳи шашнафарӣ шуруъ карданд, ки ба қочоқи тақрибан ним тонна маводи мухаддир муттаҳаманд.
Мақомот гуфтанд, ин гуруҳро ба раҳбарии Азизулло Абдуллоев, машҳур бо лақаби “Азизи хонасоз”, охири моҳи июли имсол ва дар рӯзи Иди Қурбон дастгир карданд.
Назари наздикон ва вакилони мудофеи гумонбарон дастрас нест.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон шоми 13-уми октябр дар наворе гуфт, ин афрод маводи мухаддирро аз Афғонистон оварда, ба кишварҳои дигар интиқол медоданд.
Дар навор Азизулло Абдуллоев ва ҳамроҳонашро низ нишон доданд, ки дар бораи қочоқи маводи мухаддир суҳбат мекунанд, вале маълум нест, баёнотро аз онҳо таҳти чӣ шароите гирифтаанд.
Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе 14-уми октябр гуфт, Азизулло Абдуллоев ва ҳамроҳонаш (Сиёвуш Содиқов, Азамат Тулаганов, Сорбон Сабзқадамов, Бурон Саматов ва Мурод Хуҷаев) ба қонунӣ кардани молу мулки ғайриқонунӣ низ муттаҳам мешаванд. Азамат Тулаганов шаҳрванди Узбекистон будааст.
Ба қавли мақомот, ду нафари дигар, аз ҷумла шахсе бо номи Шамсулло Саидшарифов таҳти ҷустуҷӯи байнулмилалӣ ҳастанд.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар бораи гумонбарон иттилои зиёд дар даст нест. Мақомот танҳо гуфтаанд, Сиёвуш Содиқов, яке аз боздоштшудаҳо, донишҷӯйи Донишгоҳи миллии таҳқиқоти техникӣ буда, Бурон Саматов омӯзгори мактаби миёна дар ноҳияи Рӯдакӣ аст.
Радиои Озодӣ маълум кард, ки Азизулло Абдуллоев, машҳур бо лақаби “Азизи хонасоз”, раиси ширкати “Бунёдкори аср” будааст. Чанде аз ҳамкоронаш тасдиқ карданд, ки “ӯ дар боздошт аст”.
Яке аз корманди ширкат бе зикри ном ба Радиои Озодӣ гуфт, “дар мавриди ба қочоқи маводи мухаддир муттаҳам шудани ӯ кордор нестам вале дар масъалаи хонасозӣ ба амали ғайриқонунӣ роҳ надодаем”.
Абдуллоев 46-сола буда, дар пойтахт ва атрофи он ба хонасозӣ машғул будааст.
Тоҷикистон яке аз роҳҳои интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон гуфта мешавад. Мақомот даъво доранд, ки солҳои охир тавонистаанд, мавридҳои қочоқи маводи мухаддирро ба таври чашмрас коҳиш диҳанд. Чизе, ки феълан тасдиқаш аз манобеи мустақил мушкил аст.