Имрӯз дар бораи бехонагӣ ва сарнавишти бесарпаноҳон суҳбат мекунем, ки ҳафтае пеш Радиои Озодӣ дар бораи онҳо гузориш дошт. Аз ҷумла, дар бораи сарнавишти Бахтиёр Тоҳиров, ки дар Хуҷанд ҳоли зоре дошт ва ин гузориш баҳси дарозеро дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук барангехт. Садҳо шарҳу назар дар бораи ин мард ва масъалаи камбизоатӣ дар Тоҷикистон гирифтем.
Зиндагӣ мубориза аст. Агар афтодӣ бархез. Боз афтодӣ, боз бархез. Ҷаҳд кун, кӯшиш кун, то ба мақсадат ба қадри имкон бирасӣ. Гурусна шудӣ, нон кор бикун, ташна шудӣ об биёб.Як корбар
Гуруҳи зиёде аз корбарон мақомоти расмиро танқид кардаанд, ки бепарво ҳастанд ва ҳоли чунин табақаҳои нодору муҳтоҷро нодида мегиранд. Яке аз ин корбарон Дилором Маматқулова аст, ки дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук чунин шарҳ гузоштааст:
"Дилам бар ҳоли одамӣ сӯзад, ё бар ҳоли мард, намедонам... Наход дар ҳамон атроф савобҷӯе ёфт нашуд, ки дасти кумак дароз кунад? Ин мард бемор аст. Мумкин ба сабаби мушкили зиндагӣ ва ё сустии ирода майзада шуд, лекин мо инсонем, бояд ба ин гуна дармондагон роҳ нишон диҳем. Ӯ низ фуқарои давлат аст. Чашми идораҳои давлатӣ куҷост?"
Бонуи дигаре ҳам дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук навиштааст, ки мақомоти расмӣ ва ё идораҳои ҳифзи иҷтимоӣ набояд ба сарнавишти мардуми бесарпаноҳ беэътиноӣ кунанд ва дасти онҳоро дар рӯзҳои сахт бигиранд.
Шарҳи Башор Гадҷиева дар Фейсбук дар ҳамин бора аст: "Кумитаҳо бо чӣ кор машғуланд? Чаро ба одамоне, ки ба ҳолати вазнин дучор шудаанд, ёрӣ намерасонанд? Вакилон, мансабдорон, Шуморо барои зебо кардани утоқи кориатон, мансаб ҳадя накардаанд! Шумо бояд ба мардум ёрӣ расонед, ба Шумо сарвари давлат боварӣ карда мансаб додааст!”
Гуруҳи дигаре гуфтаанд, дар қашшоқу бехона шудани бехонагон, аз ҷумла Бахтиёр Тоҳиров, на мақомот, балки худаш ва хешовандонаш гунаҳкоранд, ки ӯро ба чунин ҳол афкандаанд. Корбаре, ки худро Одинамо Огоназарова муаррифӣ кардааст, шарҳеро ба ин мазмун гузоштааст: “Мебахшед, айби ҳукумат дар чист? Падару модар, акаву додар, апаву хоҳар, наход ягон соҳиб надошта бошад? Ҳамин инсон аз зери замин набаромада ё аз осмон фуруд наомадааст. Хонаву дари худашон дар куҷо бошад?”
Барномаро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Гуруҳи дигаре аз корбарон гуфтаанд, ки набояд, бехонаву бесарпаноҳонро таънаву маломат кард, зеро шояд мусибате, ё кадом ҳодисаи дигаре сабаби бехонаву дар мондани чунин афрод шудааст.
Шарҳеро аз саҳифаи Радиои Озодӣ аз Фейсбук мехонем, ки Мунира Аҳмадова дар саҳифаи мо гузоштааст: “Инҳоро зиндагӣ ба ин бало гирифтор кардааст. Магар онҳо ҳам зиндагии хубу ҷойи зист, ҷойи хоби гарму болишу кӯрпаи тозаву озода намехоҳанд? Онҳо ба сабаби фиреб дар кор ба ин ҳол гирифтор шудаанд. Ҳаминҳоро кор фармудед, аз барои савоб, камтар хӯроквориву либоси кӯҳнаатонро диҳед.”
Теъдоди зиёде аз корбарон навиштаанд, ки ба чунин шахсони муҳтоҷ ва ё мусибатзада бояд кумак кард, то дигарбора ба по хезанд ва ба роҳи росту дуруст бираванду муҳтоҷи касе нашаванд.
“Ба ӯ як коре нишон додан даркор, ки баромада кунад. Мову Шумо ёрӣ расонем, 1 ё 2 бор мерасонем, кор нишон диҳем, ки як умр зиндагиашро пеш барад. Мегӯянд, ки ба шахси камбағал пул надиҳед, балки корро нишон диҳед, ки зиндагиро пеш барад”, -- гуфтааст яке аз шарҳнависон.
Корбари дигаре ба ҳама тавсияи умумие додааст, то дар зиндагӣ муҳтоҷу дастнигар нашаванд ва ба ҳадафи хеш бирасанд. Тавсияро Мирзоалӣ Икромов дар саҳифаи мо дар Фейсбук гузоштааст ва он ҳам чунин аст:
“Зиндагӣ мубориза аст. Агар афтодӣ бархез. Боз афтодӣ, боз бархез. Ҷаҳд кун, кӯшиш кун, то ба мақсадат ба қадри имкон бирасӣ. Чун мушкиле пеш ояд, аввал онро ҳал кун. Гурусна шудӣ, нон кор бикун, ташна шудӣ об биёб ва ғайра. Ҳамин хел ҳамеша ба пеш.”
Барнома дар Ютюб:
Воқеан, пас аз гузориши Радиои Озодӣ афроди хайрхоҳ ба Бахтиёр Тоҳиров сарпаноҳи муваққате доданд ва гуфтанд, барои бозгашт ба зиндагии оддӣ кумак мекунанд. Хуб мешавад, агар Шумо ҳам назару андешаҳои худро нависед. Телеграм, Вотсап ва ИМО-ву Вайбер дорем.