Бахтиёр Тоҳирови 43-сола, ки дар як макони нимавайрона дар Хуҷанд зиндагӣ мекард, мисли чанд рӯз пеш дигар маъюсу гирён нест. Ҳоло дар як ҳуҷраи гарм зиндагӣ дорад.
Пас аз нашри гузориши Радиои Озодӣ дар бораи бесарпаноҳон, ки Бахтиёр яке аз онҳо буд, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва муҳоҷирон ба ёриаш шитофтанд.
Бахтиёр Тоҳиров рӯзи 11-уми октябр гуфт, аз онки дар як вақти кӯтоҳ равиши зиндагиаш тағйир хӯрд, хушҳол аст: "Ба ҳамин хона оварданд ва сарулибос ҳам гирифтанд. Шукри Худо, ин нӯшу неъматро ҳам дорам, нигоҳубин мекунанд ва пул ҳам медиҳанд. Акнун ният дорам, ба хонаам баргардам ва ба кори пешинаам давом диҳам. Дар инҷо аз ҷамъоварии зарфҳои пластикӣ фоидаи дурусте нест."
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Ба қавли Бахтиёр, ӯ кафшергар аст ва муддате дар нерӯгоҳи "Сангтуда" низ кор кардааст. Вале вақте дар дигар ҷойҳо ба ивази кораш маблағ надодаву фиреб карданд, бехонумон шуд. Ҳоло ташаббускорони кумак тасмим доранд, Бахтиёрро ба зодгоҳаш фиристонанд.
Диловар Сафаров, блогери шинохтаи тоҷик, ки масъули ҷамъоварии кумак ба Бахтиёр Тоҳиров аст, гуфт: "Барои ин шахс моҳӣ надодем, балки кӯшиш кардем моҳидориро омӯзонем. Муҳоҷирон бисёр хоҳиш карданд, ки ба номаш корти бонкӣ кушоем ва бо пули воридшуда як таҷҳизоти кафшергарӣ харем. Барои онки дигарбора ба ҷараёни кориаш ворид шавад ва бо ҳамон роҳ равад. Агар фақат пул диҳем, онро мехӯранду бас."
Бахтиёр Тоҳиров мегӯяд, ҳашт сол пеш дар ҷустуҷӯйи кори беҳтар ба Хуҷанд омада буд ва дар инҷо монд. Ҳамсару се кӯдак доштааст.
Дар суҳбати қаблӣ гуфта буд, ба ягон идораи давлатӣ барои кумак муроҷиат накарда буд, зеро вақте ба гӯшҳояш як хазандае зиён расонд, табибон ба гуфтаи ӯ барояш ёрии ройгон накардаанд. "Ҳоло гӯшҳоямро табибон хуб ташхис карда, доруву дармон карданд. Шукри Худо, соз шуд", -- нақл кард ӯ.
Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз таваҷҷуҳи сокинон ва муҳоҷирони тоҷик ба ингуна шахсони бесарпаноҳ хушҳол ҳастанд, вале ҳамзамон мехоҳанд, ба нафарони дигари дар "кӯчамонда" низ таваҷҷуҳ шавад.
Як таҳқиқоти созмонҳои "Диёр" ва "Нотабене" дар моҳи сентябри имсол маълум кардааст, ки дар вилояти Суғд қариб 500 шахси бесарпаноҳ зиндагӣ мекунанд.