Муфаттиш таҷовузи наврас дар Вахшро тасдиқ накард. Модар бовар надорад. ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Муфаттишон иттиҳоми таҷовузи наврасро тасдиқ накард, модар бовар надорад

Як зани 32-сола дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон иддао дорад, ки писари 10-солааш аз сӯи ҷавоне озори ҷинсӣ дидааст, аммо додситонӣ бидуни огоҳии онҳо парвандаро нисбати ҷавон қатъ намуда, ӯро аз ҷавобгарӣ озод кардааст.

Ин зан рӯзи 11-уми октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "моҳҳои марту майи соли равон ҷавон ду бор писарамро аз роҳ дошта, ба зӯрӣ ба хилватгоҳе бурда, нисбаташ дастдарозӣ мекунад ва сипас таҳдид мекунад, ки агар ҷое гап занӣ худату модаратро мекушам..."

Чунин иддаоро наздикони ҷавон дур аз воқеият медонанд ва таъкид мекунанд, шикояти зан беасос аст.

Айб тасдиқ нашуд, модари ноболиғ норизост

Ба иттилои Додситонии ноҳияи Вахш, моҳи июли имсол дар пай шикояти модари ноболиғ нисбати ҷавон бо моддаи 139, қисми 4-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “ҳаракати зӯроваронаи дорои хусусияти шаҳвонӣ" парванда боз шуда, ҳудуди ду моҳ дар боздоштгоҳ нигоҳдорӣ мешуд. Дар ин ниҳод гуфтанд, санҷиш бепоягии айбномаро нишод дод ва биноан, парванда қатъ шуд.

Нафаре, ки ба озори ҷинсии хонандаи синфи 3 айбдор мешуд ва акнун парвандааш қатъ шуд, 23 сол дошта, ӯ низ сокини ноҳияи Вахш аст.

Иттилои марбут ба ҳувияти шахси тарафҳои баҳс дар ихтиёри Радиои Озодӣ ҳаст, вале бо далелҳои ахлоқӣ-ҳуқуқӣ нашр намешаванд.

Модари ҷабрдида мегӯяд, дар ҷамоати Вахши ноҳияи Вахш хонаводаи ҷавон ду-се кӯча аз онҳо дуртар зиндагӣ мекунад ва дар гузашта онҳо ҳамдигарро намешинохтаанд.

Ин зан қатъи парванда нисбати ҷавонро ноодилона дониста, мехоҳад тафтиши парвандаи озори ҷинсии писараш аз сари нав ва одилона баррасӣ шавад.

"Писарам дар аввал тарсид, чизе намегуфт, ҳаминро мегуфт, ки оча мактаб намерам, ҳамаи ҷоям дард мекунад, рафта аз муаллимааш пурсидам, ки ягон гап шудааст, ки бачаам метарсад, аз хона намебарояд, гуфт, не чизе нашудааст, маҷбураш кардам, ки рав мактаб, не очаҷон гуфт. Ҳамин хел баъди чанд рӯз дар хобаш гиря карда мехезад, ки накун, накун... Зора кардам, ки гап зан кӣ кард инро. Гуфт, агар гап занам калаи ҳардуямонро мегирад. Зиёд зора кардам, баъдан нақл кард, ки як бача ӯро қапида пушти девор бурда, нисбаташ амали норавро анҷом додааст. Дар кӯча он бачаро шинохт ва ба ман нишон дод"-афзӯд, модари ҷабрдида.

Ташхис чиро нишон медиҳад?

Ҷавоне, ки ин зан нисбаташ шикоят дорад, ба тамосҳои батакрори мо посух надод. Хоҳарбузурги ӯ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, додараш ҳеҷ гуноҳе надорад, бино бар ин тамоми шикоятҳои модари ноболиғ ба мақомот тасдиқи худро наёфтанд. Ин ҳамсӯҳбати мо афзуд, ки "ба ин зан бовар накунед, ӯ дуруғ мегӯяд, ҳамаи ташхисҳо исбот карданд, ки ба писараш ҳеҷ чиз нашудааст, мо ҳам факту далелҳое дорем, ки додарамон бегуноҳ аст".

Додситонии Вахш дар қарори худ оид ба қатъи парванда нисбат ба ҷавони айборшаванда, хулосаи чанд ташхисро дар нисбати ноболиғ зикр карда, иттиҳомоти зидди ҷавонро исботнашуда арзёбӣ кардааст. Дар нусхаи ин қарор, ки дар ихтиёри Радиои Озодӣ аст, айбдоршаванда ҳангоми нишондод худро бегуноҳ донистааст.

Дар ташхиси судӣ-психологӣ навишта шудааст, ки дар нишондодҳои ноболиғи 10-сола майли бофтабарорӣ, воқеаро нодуруст нақл намудан мушоҳида мешавад, аммо дар нишондоди ҷавони 23-сола майли бофтабарориву воқеаро нодуруст нақл намудан мушоҳида намешавад. Ташхиси додгоҳиву тиббӣ низ ба нафъи ҷавон хулосабарорӣ шуда, гуфтааст, дар бадани ноболиғ ҷароҳатҳои ҷисмониро тасдиқ накардааст.

Шубҳа ба ташхис

Худойназар Артиқов, адвокати ноболиғ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, тафтиши парвандаи зерҳимояаш мунсифона сурат нагирифтааст ва дар шаффофияти натиҷаҳои ин ду ташхис низ шубҳа дорад. "Чун ки бо як мутаххасис аз Донишгоҳи миллӣ, ки дар ташхиси психологӣ ширкат кардааст, суҳбат кардам, гуфт, ман дар хулосаи худ дар назар доштам, ки кӯдак гапи ростро гап мезанад, яъне майли бофтабарорӣ надорад, аммо мумкин иштибоҳе шудааст, ки ҳарфи ӯро дар қабати парвандаҳо баръакс навиштаанд",--афзуд, адвокат Худойназар Артиқов.

Ӯ таъкид кард, ки бо вуҷуди дархостҳояшон ба мақомот, то ҳол ба парвандаи зерҳимояаш ӯро шинос накардаанд. Модари ноболиғ мегӯяд, ӯро низ ба ҷузъиёти парванда шинос накардаанд ва танҳо дар даст як нусха аз қарори додситони Вахшро оид ба қатъи парвандаи айборшаванда дорад.

Вай таъкид намуд, ки барои пурра омӯхтани ҳолати писараш ташхиси комиссияи психологӣ низ анҷом шуд ва натиҷаи он ба нафъи фарзандаш будааст: "Вале дар ин қароре, ки ба ман доданд ва бар асоси он парвандаро қатъ намудаанд, ташхисе, ки ба фоидаи айбдоршавнда аст, аз он иқтибос овардаанд, ташхиси комиссионӣ, ки ба фоида мо хулосабарорӣ шудааст, аз зикри он худдорӣ кардаанд, дар ин ташхис муаллима, профессор Юнусова Нафиса иштирок дошт, медонад ҳолати корро",--гуфт ӯ.

"Кӯдак дурӯғ намегӯяд"

Равоншинос Нафиса Юнусова дар суҳбати кутоҳ ба Радиои Озодӣ тасдиқ намуд, ки дар ташхиси комиссияи психологӣ хулосабарорӣ намуда буд, ки ноболиғ майли дуруғ гуфтан ва бофтабарорӣ надорад: "Ман раиси комиссия, хулоса навиштагӣ, ҳамааш аст". Ӯ таъкид намуд, ки бо далели бемор будан, ҳоло наметавонад бештар сӯҳбат кунад.

Зайдулло Давлатёров, адвокати ҷавон дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, банд аст ва аз сӯҳбат дар бораи парвандаи зерҳмояаш худдорӣ кард.

Қатъи парванда нисбати айбдоршаванда зери имзои Саидвализода Э.Ғ, ки ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи додситони ноҳияи Вахш муаррифӣ шудааст, сурат гирифтааст. Рӯзи 11-уми октябр ба ӯ тамос гирифтем. Бидуни муаррифии худ аз ҷараёни тафтиши парванда изҳори бохабарӣ намуда, гуфт, "мо вазифадор нестем ба Шумо маълумот диҳем" ва бо ҳамин гӯширо гузошт.

Модари ноболиғ, ки худ омӯзгор аст, таъкид намуд, ҳодисаи ба сари писараш омада, ба ҳолати рӯҳии кӯдак зарба зада, ӯро аз мактабу хондан дур кардааст. Ҳоло мехоҳад бо кӯмаки равоншиносон писараш дубора ба ҳаёти муқаррарӣ баргардад. Мегӯяд, соли 2016 шавҳараш ӯро раҳо карда, то ҳол ба танҳоӣ рӯзгори ду фарзандашро пеш мебарад.

Модари ноболиғ барои додхоҳӣ ба Душанбе омад

Ҷавоне, ки мақомот нисбаташ парвандаро қатъ намуданд, ба қавли наздиконаш хатмкардаи Донишкадаи аграрӣ аст, ва феълан дар ҳеч куҷо кор намекунад. Пайвандонаш гуфтанд, иттиҳомоти беасос нисбати ӯ, ки чанд муддат дар ҳабс қарор дошт, ба вазъи рӯҳиву саломатияш таъсир гузоштааст.

Модари ноболиғ пас аз он ки талошҳояш барои додхоҳӣ дар вилояти Хатлон бенатиҷа боқӣ мемонад, ба нишони норозигӣ ба Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи кор бо занон ба Душанбе омадааст. Мегӯяд, ба ӯ ваъдаи расидагӣ ба қазияи озори ҷинсии писарашро додаанд ва талошҳояшро барои муҷозоти ҷавон идома хоҳад дод.

Солҳои охир хабарҳо аз озори ҷинсии ноболиғон бештар расонаӣ мешаванд. Қазияи таҷовуз ба номуси духтари 12-сола аз сӯи марди 32 сола дар Ҳисор аз мавзуъҳои пурбаҳс дар расонаву шабакаҳои иҷтимоӣ буд. Мавзуъ замоне доғ ва бо танқидҳои сахти ҷомеаи маданӣ рӯ ба рӯ шуд, ки Додгоҳи Ҳисор гумонбарро аввал ба панҷ сол зиндон маҳкум карда, сипас бар асоси қонуни афв аз толори додгоҳ ҷавоб доданд. Дар пай интиқодҳои зиёд, Додгоҳи олии ин ҳукмро бекор карда, барои таҳқиқи дубора ба додситонӣ фиристодааст. Кушта шудани Руфайда Иноятоваи 8 сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки қабл аз марг иттиҳоми озори ҷинсӣ нисбати ӯ низ тахмин зада мешуд, яке аз дигар ҳодисаҳоест, ки нигарониҳои бештарро ба миён гузошт.

Дар пайи чунин ҳодисаҳо ҷомеаи шаҳрвандӣ аз мақомот дархост карданд, ки ҷазо барои озори ҷинсӣ, бахусус дастдарозӣ ба ноболиғон сахтар карда шавад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Баҳси озори ҷинсӣ. “Бадахлоқӣ” ба “зӯроварии шаҳвонӣ” иваз шуд. ВИДЕОТаъини ҷазои сахттар метавонад, аз такрори қазияи Руфайда пешгирӣ кунад? ВИДЕОҶазо барои озори ҷинсии кӯдакон сахттар мешавад, аммо қонун ниҳоӣ нашудаастТалоши марде, ки додраси собиқро барои дастдарозӣ ба номуси духтараш зиндон кард"Чатри норинҷӣ" – "дарси бехатарӣ" ва "тарбияи ҷинсӣ" ба кӯдакон дар Тоҷикистон. ВИДЕО