Додситонии кулли Тоҷикистон аз порлумони кишвар хостааст, ҷазо барои қонуншиканӣ аз тарафи пиёдагардон дар роҳҳои мошингузар пурзӯр карда шавад. Бар асоси тағйироти нав ба қонун, барои гузаштан аз болои гулзорҳои канори роҳ ҳам акнун муҷозот пешбинӣ мешавад.
Дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар дод, ки рӯзи 11-уми октябр Шӯрои ин Маҷлис масъалаи сахттар кардани ҷазо барои пиёдагардонро баррасӣ кардааст. Аксаран ронандагон шикоят мекунанд, ки пиёдагардон ҳангоми гузаштан аз роҳ қоидаи ҳаракат дар роҳро риоя намекунанд, вале бештар ронандаҳо ҷазо мегиранд.
Дар хабари палатаи поёнии порлумон омадааст, “пиёдагардон қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, алалхусус дар роҳҳои автомобилгарде, ки дар он шумораи зиёди нақлиёт ҳаракат менамоянд, вайрон карда, аз ҷойҳои муқаррарнашуда гузашта, ҳаёт ва саломатии худ ва дигаронро зери хатар қарор медиҳанд.”
Масъалаи дигаре, ки мақомотро нигарон кардааст аз болои роҳҳои сетабақа ё эстакада гузаштани сокинон мебошад. Ба гуфтаи масъулин, сокинон дар вақти убур аз чунин роҳҳо бояд аз гузаргоҳҳои зеризаминӣ истифода кунанд. Дар Душанбе феълан ду эстака дар маҳаллаҳои 82 ва назди беморхонаи маъруф ба “Қарияи боло” сохта шудааст.
Дар Тоҷикистон феълан барои нақзи қоидаи ҳаракат дар роҳҳо ва ё ташкили ҳолати садамавӣ огоҳӣ ё то 180 сомонӣ ҷарима мекунанд. Дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон мегӯяд, чунин ҷазоҳои сабук масъалаи риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо аз ҷониби пиёдагардонро беҳтар намекунад. Феълан маълум нест, ки ин муҷозот чӣ қадар сахтар мешавад.
Як тағйироти дигар ба қонун, ки мумкин аст рӯзҳои наздик қабул шавад, ҷазо барои гузаштан аз “сабзазор ё гулзори ҳамшафати роҳҳо ва боғҳои ҳудуди шаҳр ва дигар маҳалҳои аҳолинишин” мебошад.
Тибқи омори расмӣ, соли гузашта дар шаҳри Душанбе зиёда аз 183 ҳазор ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ сабт шудааст, ки қариб 36 ҳазори он аз тарафи пиёдагардон содир шудааст.