Додгоҳи Қазоқистон 4 фаъоли маданиро зиндонӣ кард

Фаъолони мадании қазоқ гуноҳро напазируфтаанд

Додгоҳи ноҳияи Алмалини шаҳри Алматои Қазоқистон рӯзи 11-уми октябр ҳукми 13 фаъоли ҷамъиятиро содир кард, ки ба "ширкат" дар фаъолияти созмони мамнуъ ва "ташкил"-и фаъолияти ба он монанд гунаҳкор дониста шудаанд.

Чор нафар аз фаъолон ба зиндон маҳкум шуда, озодии ҳашт нафари дигар аз 1 то 2 сол маҳдуд шудааст. Ҳамаи онҳо иттиҳоми эълоншударо рад карданд. Рӯзи 8-уми октябр ин 13 фаъоли маданӣ зимни сухани охирин дар додгоҳ гуфтанд, худро гунаҳкор намеҳисобанд ва аз додгоҳ хостанд, онҳоро озод кунад.

Онҳо дар додгоҳ гуфтанд, танҳо риояи ҳуқуқи шаҳрвандонро талаб карда, ҳеч рафтори ғайриқонунӣ содир нанамудаанд.

Нинагул Ҷумъаниёзова, яке аз фаъолон, ки ба додгоҳ кашида шудааст, гуфт, худро тундгаро намеҳисобад ва танҳо аз кори ҳукумати ҳозира танқид кардааст.

"Изҳори ақида кардан, эътироз намудан, дар гирдиҳамоиҳо ширкат кардан - ҷиноят нест. Ин фарҳанг аст. Мехоҳам, маро сафед кунед", - гуфт Ҷумъаниёзова.

Додситон барои 13 нафар аз 1 соли маҳдудияти озодӣ то 5 соли маҳрумӣ аз озодиро талаб карда буд.