Қимати газ дар биржаи Аврупо рӯзи 6-уми октябр ба бештар аз 1700 доллар барои ҳар ҳазор метри мукааб расид. Ин болотарин қимати таърихӣ аст. Комиссияи Аврупо гароншавии газро ба афзоиши талаботи он марбут донист. Фаронса, Испания, Ҷумҳурии Чех, Юнон ва Руминия пешниҳод карданд, ки сабаби гароншавии қимати газ дар Аврупо таҳқиқ шавад. Бино ба пешниҳоди онҳо, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо бояд, хариди газро ҳамоҳанг кунанд. Қимати газ дар Аврупо аз тобистони имсол рӯ ба афзоиш ниҳод. Яке аз сабабҳои болоравии қимати газро зимистони сарди соли 2020 ва тобистони гарм меноманд. Анборҳои авурпоӣ аз сӯзишворӣ холӣ ҳастанд. То 1-уми октябр ҳамагӣ 70 дарсади онҳо пур карда шуданд. Соли гузашта анборҳо ин замон 95 дарсад пур буданд.