Масъулони ҳукумати "Толибон" аз талошҳо барои ҳалли танишҳо бо Тоҷикистон хабар доданд. Мақомоти тоҷик то кунун ба ин хабар вокуниш накардаанд. Ҳамзамон ҳанӯз маълум нест, ки эъломияи "Толибон" барои коҳиши шиддат дар муносибатҳо бо Тоҷикистион чиро дар назар дорад.
Рӯҳуллоҳ Умар, як узви Комиссияи фарҳангии Вазорати иттилоот ва фарҳанги ҳукумати "Толибон", аз Тоҷикистон ба унвони "ҳамсояи хуб" ном бурда, гуфтааст, "Вазорати корҳои хориҷӣ бо тамоми кишварҳо дар иртибот аст ва барои сохтани робитаҳои хуб кор мекунад. Иншоаллоҳ, бо Тоҷикистон низ дар мавриди тамоми мавзуъҳо гуфтугӯ хоҳад шуд."
Ин мансабдори "Толибон" ба телевизиони "Тулуъ" шаби гузашта ҳамчунин гуфт, ки ҳукумати сарпарасти "Толибон" иҷоза намедиҳад, хоки Афғонистон ба зидди кишвари дигар истифода шавад.
Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки якшанбеи гузашта, пас аз суҳбати телефонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо нахуствазири Покистон Имрон Хон, шуморе аз расонаҳо навиштанд, гуё ин тамос бо ҳадафи коҳиши танишҳо миёни Душанбеву Кобул бо миёнҷигарии Исломобод сурат гирифтааст. Тайи як моҳи охир танишҳои лафзӣ миёни Тоҷикистон ва ҳукумати "Толибон" боло гирифтааст.
Аз сӯе, бархе манобеъ аз боз шудани гузаргоҳи марзӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон дар Дарвоз хабар доданд. Ба гуфтаи манобеъ, дар пайи таҷаммӯи баъзе аз ҷангҷӯёни тоҷик дар Нусайи Дарвози Бадахшони Афғонистон, ҷониби Тоҷикистон чанде пеш пули марзии Рузвай-Нусайро баста буд.
Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, гуё ҷониби Тоҷикистон ба "Толибон" гуфтааст, танҳо пас аз рафтани Маҳдӣ Арсалон (Муҳаммад Шарифов, ки аз ӯ раҳбари ҷангҷӯёни тоҷик ном мебаранд) ва ҳамроҳонаш, пулро барои интиқоли молу коло боз мекунанд. Чанд рӯз пеш пул боз шудааст ва ба гуфтаи манбаъҳои Радиои Озодӣ, Маҳдӣ ва чанд ҳамроҳаш ҳоло аз минтақаҳои марзӣ ба Файзобод интиқол дода шудаанд.
Дар ҳоли ҳозир сарҳад миёни Тоҷикикистон ва Афғонистон баста аст ва равуои мардум имконнопазир аст. Тоҷикистон то кунун омода нашудааст, ки паноҳандагони афғонро бипазирад. Аммо ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ, рафтуомади мошинҳо тариқи баъзе гузаргоҳҳои сарҳадӣ идома дорад.
Аз замони гирифта шудани Кобул аз сӯи "Толибон", Тоҷикистон дар баробари ҳодисаҳои Афғонистон мавқеи ошкоро гирифт ва гуфт, танҳо ҳукумати ҳамашумул ё фарогирро эътироф мекунад. Масъулини баландпояи Тоҷикистон дар чанд муносибат эълон карданд, ки тоҷиктаборон бояд дар ҳукумати ояндаи Афғонистон ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд. Садо баланд кардани мақомоти тоҷик дар бораи вазъи Панҷшер низ ин андешаро ба миён овард, ки Душанбе аз Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо раҳбарии Аҳмади Масъуд пуштибонӣ мекунад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Эмомалӣ Раҳмон дар СММ: "Мо ба корҳои дохилии Афғонистон мудохила намекунем. Вале..."Дар муқобил, гурӯҳи "Толибон" пас аз як моҳи хомӯшӣ ба баёнияҳои Тоҷикистон вокуниш нишон дод. Муовини раиси ҳукумати "Толибон" 26-уми сентябр ба Тоҷикистон ҳушдор дод, ки ба корҳои дохилии Афғонистон дахолат накунад, вагарна "ҳар кор пайомад дорад." Абдусалом Ҳанафӣ дақиқан нагуфт, ки Тоҷикистон чӣ дахолат кардааст, аммо зоҳиран ишораи ӯ ба танқидҳои пайиҳами раиси ҷумҳурӣ ба ваъдахилофии "Толибон" барои ташкили ҳукумати фарогир буд.
Вокуниши "Толибон" нисбат ба Тоҷикистон танҳо бо ҳушдорҳои Абдусалом Ҳанафӣ маҳдуд нашуд. Пеш аз ин изҳорот, сухангӯйи "Толибон" бо нашри чанд акс дар "Твиттер" хабар дод, ки ба вилояти Тахор, ҳаммарз бо Тоҷикистон, "ҳазорҳо" нерӯи интиҳории "Лашкари Мансурӣ"-ро фиристодаанд. Баъдан як масъули Толибон дар Бадахшон гуфт, ки чунин нерӯҳои ба вулусволии Ишкошим ҳаммарз бо Ишкошими Тоҷикистон фиристода мешавад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Як роҳбари "Толибон" ба Тоҷикистон ҳушдор дод, ки "дахолат накунед". Вокуниши Душанбе чӣ хоҳад буд? ВИДЕОМақомоти Тоҷикистон дахолат дар умури Афғонистонро рад карда, гуфтаанд, ҳадафашон танҳо барқарории субот дар кишвари ҳамсоя ва ҳифзи ҳуқуқи тоҷикони он сӯйи марз аст. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, 24-уми сентябр дар паёмаш ба Маҷмааи умумии Созмони Милал гуфт, ба корҳои дохилии Афғонистон мудохила намекунанд, "аммо барои ҳалли танишҳо дар ин кишвар бояд ҳукумати ҳамашумул бо ширкати ҳама гуруҳҳои сиёсӣ ва ақаллиятҳои милливу қавмӣ ташкил шавад".
Ҳанӯз маълум нест, ки мавқеъгириҳои ахири то андозае нарми масъулини Вазорати фарҳанги ҳукумати "Толибон" дар баробари Тоҷикистон то кадом ҳад таҳти таъсир ва нуфузи Покистон сурат гирифтааст. Чун дар рӯзҳои сафари худ ба Тоҷикистон дар миёнаҳои моҳи сентябр, Эмомалӣ Раҳмон ва Имрон Хон дар бораи музокирот миёни ҷонибҳои даргири Афғонистон дар Тоҷикистон хабар доданд.
Дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон шоми 17‑уми сентябр эълон кард, ки ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки дар шаҳри Душанбе миёни "Толибон ва тоҷикон" гуфтушунидро ба роҳ мемонанд. Имрон Хон ҳам пас аз бозгашташ аз Душанбе ба Исломобод гуфт, ки паёми кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистонро ба "Толибон" расондааст.
Ахиран бархе сиёсатмадорони афғони мухолифи "Толибон" гуфтанд, Ҷабҳаи муқовимат бо раҳбарии Аҳмад Масъуд омодаи гуфтугӯ бо "Толибон" аст ва Тоҷикистон метавонад, нақши раҳбариро дар ин гуфтугӯҳо дошта бошад. Латифи Пидром, раиси Ҳизби кунгураи миллии Афғонистон, гуфтааст, ки Тоҷикистон метавонад дар таҳаввулоти минтақа нақши муҳим бозӣ кунад.