Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон дар СММ: "Мо ба корҳои дохилии Афғонистон мудохила намекунем. Вале..."


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки ба корҳои дохилии Афғонистон мудохила намекунанд, вале дар ин кишвар барои ҳалли танишҳо бояд ҳукумати ҳамашумул бо ширкати ҳама гуруҳҳои сиёсӣ ва ақаллиятҳои милливу қавмӣ ташкил шавад. Ин бори чандум аст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар муносибатҳои гуногун ба мавзуи Афғонистон дахл намуда, ба ташкили ҳукумати фарогир дар он кишвар таъкид мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон, ки 24-уми сентябр ба таври онлайнӣ ё маҷозӣ дар нишасти солонаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ мекард, бори дигар аз таҳаввулоти ахир дар Афғонистон нигаронӣ кард ва онро "таҳдиди ҷиддӣ ба амнияту суботи минтақа" хонд.

Меҳвари суханронии оқои Раҳмон дар нишасти имсолаи СММ, таҳаввулоти ахири Афғонистон буд ва ӯ гуфт, Тоҷикистон бо ин кишвар садҳо километр марзи муштарак дорад ва вазъи пешомада Душанберо бетараф гузошта наметавонад. Ӯ Толибонро ба иҷро накардани ваъдаҳояшон дар заминаи ташкили ҳукумати фарогир муттаҳам кард.

Гурӯҳи тундрави Толибон рузи 15-уми август пас аз фирори Ашраф Ғанӣ вориди Кобул шуд ва назорати Афғонистонро ба даст гирифт. Ин гурӯҳ ваъда дода буд, ки дар Афғонистон бо ширкати ҳама гурӯҳҳои сиёсӣ ва ақалиятҳои милливу қавмӣ ҳукумати фарогир ташкил мекунад. Толибон ҳудуди се ҳафта қабл ҳукумати худро эълон кард, ки аксари мутлақи аъзои он намояндагони як қавм ва як гурӯҳ мебошанд. Ин амр интиқодҳои байналмилалӣ ва минтақавиро ба миён овард. Аммо Толибон ҳукумати худро ҳамашумул медонанд ва мегӯянд, ки он дар ҳоли такмил шудан аст.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар суханронии худ дар СММ ҳамчунин ба созмонҳои ҳуқуқи башар тохт ва аз хомӯшии онҳо дар "баробари поймол гардидани ҳуқуқи дигар қавму милатҳои Афғонистон", интиқод кард. Ӯ аз ҷумла, ба ҳодисаҳои ахир дар Панҷшер ишора кард, ки ба гуфтаи ӯ, Толибон даст ба қатлҳо зада, мардумро аз дастрасӣ ба маводи хурокворӣ ва барқу интернет маҳрум карданд.

Президенти Тоҷикистон вазъи ба миён омадаро боиси бештар шудани рӯёрӯиҳои қавмӣ ва этникӣ дар Афғонистон донист ва гуфтугӯҳои фарогир бо ширкати ҳама қишрҳои ҷомеаи Афғонистонро аз шартҳои асосии субот дар ин кишвар хонд. Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид кард, ки "тоҷикони Афғонистон низ, ки беш аз 46 фоизи аҳолии ин кишварро ташкил медиҳанд, баробари дигар қавмҳои ин кишвар, ҳақ доранд дар умури давлатдорӣ ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд".

Президенти Тоҷикистон ҳамзамон аз тақвияти гурӯҳҳои тундгаро чун ДОИШ ва Ал-Қоида нигаронӣ кард ва гуфт, ки "имрӯз Афғонистон дар роҳи бисёр хатарзои дигарбора ба лонаи терроризми байналмилалӣ табдил ёфтан қарор дорад". Ӯ кишварашро "хатти пеши муқовимат" бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароӣ донист ва дар ин робита хостори кӯмаки ҷомеаи ҷаҳонӣ шуд.

Ахиран бархе аз мақомоти кишварҳои ғарбӣ ҳам аз бозгашти Ал-Қоида ба Афғонистон нигаронӣ карданд. Аз ҷумла, яке аз мақомҳои баландпояи амниятии Амрико гуфт, ки эҳтимол дорад дар ду соли оянда гурӯҳи даҳшатафкани Ал-Қоида дар Афғонистон ба таври густурда фаъол шавад. Аз сӯи дигар, ҳамакнун гурӯҳи "Давлати исломӣ" ё ДОИШ дар қисматҳое аз Афғонистон фаъол шудааст ва рузҳои ахир чанд амалиёти интиҳорӣ зидди Толибон анҷом дод.

Тоҷикистон аз камтарин кишварҳои минтақа аст, ки ҳамагуна гуфтугӯ бо гуруҳи Толибонро рад карда, онҳоро ба ваъдахилофӣ ва поймол кардани ҳуқуқи дигар миллатҳои Афғонистон муттаҳам мекунад. Ҳарчанд роҳбарияти Толибон, ки беш аз як моҳ аст назорат бар Кобулро зери даст доранд, ин интиқодҳоро рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG