Тобистони соли ҷорӣ интиқоли пули муҳоҷирони тоҷик ба ватан афзудааст. Оҷонсии иттилооти "Прайм" бо такя ба маълумоти низоми интиқоли пулии "Контакт" менависад, ки фиристодани маблағ аз Русия дар давоми моҳҳои июн ва август дар муқоиса бо баҳори соли ҷорӣ 30 дарсад зиёд шудааст. Ҳаҷми умумии пули интиқолёфта аз Русия ба Тоҷикистон нашр намешавад. Танҳо гуфта шудааст, ки ба ҳисоби миёна як нафар 16 ҳазор рубл фиристодааст.
Ин омор дар ҳоле нашр мешавад, ки равуои мунтазами ҳавоӣ байни Душанбеву Маскав аз 1-уми апрел оғоз шуд ва шаҳрвандони Тоҷикистон баъди тақрибан як соли баста будани марзҳо имкон ёфтанд, ба Русия сафар кунанд. Соли гузашта муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия 1 миллиарду 741 миллион доллар фиристода буданд. Бисёре аз онҳо дар авҷи паҳншавии коронавирус бино бар ҷорӣ шудани карантин бекор ва бемаош монданд ва натавонистанд ба оилаҳояшон пул фиристанд.