Ларс Вилкс, рассом ва муаллифи карикатура ё тасвирҳои танзомези паёмбари ислом, Муҳаммад, рӯзи 3-юми октябр дар садамаи нақлиётӣ дар ҷануби Шветсия ҷон бохт.
Пулиси маҳаллӣ гуфт, мошине, ки Вилкс дар он буд, ба мошини боркаш задааст. Дар натиҷа, рассом ва ду моҳифизи ӯ ба ҳалокат расида, ронандаи мошини боркаш захмӣ шудааст.
Ларс Вилкс соли 2007 дар тасвирҳояш, ки дар нашрияҳои кӯдаконаи Шветсия низ ба нашр расиданд, паёмбар Муҳаммадро масхара карда буд. Нашри ин карикатураҳо дар бештари кишварҳо вокунишҳои тундеро ба вуҷуд оварда, муаллиф таҳдид ба қатл шуда буд.
Созмони террористии "Ал-Қоида" барои сари муаллиф 100 ҳазор доллар мукофот эълом карда, соли 2010 кӯшишҳое барои оташ задани манзили зисти ӯ анҷом шуданд.