Ин ду китоб аз афсонаҳои бачагона ба забонҳои вахӣ ва шуғнонӣ иборат буда, дар идомаи китобҳо тарҷумаҳои онҳо ба забонҳои русиву англисӣ ҳам оварда шудаанд. “Pomir Zindaist” ва “Pomeri Sogen” – аввалин маҳсули қалами Хуҷамёрова дар доираи таҳқиқоти бисёрсолааш дар заминаи панҷ забони помирӣ - вахӣ, шуғнӣ, бартангӣ, рушонӣ ва ишкошимӣ дар ИМА рӯи чопро дидаанд.
Ҳусния Хуҷамёрова рӯзи 2-юми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ чанд соат пеш аз баргузории маросими муаррифии китобҳояш гуфт: “Ҳадафи навиштани ин китобҳо, пеш аз ҳама ҳифзи забонҳои помирӣ аст, зеро онҳо зери хатар қарор доранд. Азбаски мо онҳоро дар шакли хаттӣ надорем ва мо онҳоро дар мактабҳо таълим намедиҳем. Сониян, кӯдакон метавонанд аз кӯдакӣ забони худро омӯзанд, хусусан онҳое, ки берун аз Тоҷикистон ҳастанд. Барои волидон низ осонтар хоҳад буд. Саввум, сабаб ин аст, ки гузаштаро дар ҷомеаи муосир тасвир намоем ва кӯдакон маҳз инро аз насл ба насл интиқол медиҳанд. Китобҳо дар ду навиштаҷоти гуногун мавҷуданд. Лотинӣ ва кириллӣ ва тарҷума ба забони англисӣ аст. Сабаб дар он аст, ки кӯдаконе, ки дар хориҷа ба сар мебаранд, наметавонанд ҳарфҳои кириллиро хонанд”.
Дар маросими муаррифии китобҳои Ҳусния Хуҷамёроваи 32-сола, ки дар маҳаллаи бо номи Говернорс Айланди Ню-Йорк барпо мешавад, аъзои ҷамъияти тоҷикони Вашингтону Ню-Йорк ва ҳам муҳаққиқони ҳамкораш иштирок мекунанд. Вебсайти Говернорс Айланди Ню-Йорк, ки як муассисаи фарҳангии барпокунандаи ҳамоишҳои ҷамъиятӣ мебошад, дар хабари баргузории муаррифии китобҳои Хуҷамёрова навиштааст, ин маҳфил бо номи “Як ҷаҳон дар як шаҳр: фурсати қиссаҳои помирӣ” барггузор мешавад. “Омӯзиши забон ба кӯдакон ва эҷоди китоби қиссаҳо ба забонҳои дар ҳоли нобудӣ бисёр кори муҳим аст”, мегӯяд ин вебсайт.
Хуҷамёрова як зодаи Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон буда, дар Тоҷикистон Донишгоҳи забонҳоро хатм кардааст. Соли 2010 бо ҳадафи таҳсил ба Амрико рафт ва дараҷаи магистриро дар таълими барвақтии кӯдакон дар коллеҷи Бруклин (CUNY - Brooklyn College) дар Ню-Йорк хатм кард. Аз соли 2011 дар як Эътилофи забонҳои таҳти хатар (Endangered Languages Alliance) ба ҳайси муҳаққиқи забонҳои помирӣ кор мекунад.
Хуҷамёрова мегӯяд, дар таҳияи китобҳои наваш ба ӯ муҳаққиқони амрикоии забонҳои дар ҳоли хатар Даниел Кауфман ва Роза Перлин кӯмак кардаанд. Ӯ мегӯяд: “Агар хато накунам, то ҳозир ягон кас дар Амрико китобҳои кӯдакона ба забонҳои помирӣ ба чоп набаровардааст ва ин китобҳо нахустин мебошанд”. Ҳусния ба ин умед дорад, ки китобҳояш тавассути пойгоҳи китобфурӯшии интернетӣ ба бозори байналмилалӣ арза мешавад ва “соҳибони забонҳои помирӣ дар Тоҷикистон, Покистон, Чин ва Афғонистон метавонанд ба китобҳо таваҷҷӯҳ кунанд. Ба қарибӣ он дар вебсайти тиҷорати онлайнии Amazon дастрас хоҳад шуд”.
Ӯ мегӯяд, давоми чордаҳ сол бо таҳқиқу ҷамъоварии адабиёти шифоҳии мардуми Бадахшон машғул буд, маводи бадастомадаро ҳуҷҷатгузорӣ кард ва ин чиз барояш дар иншои аввалин китобҳояш кӯмак кард. То соли оянда ӯ ният дорад се китоби дигаре ба забонҳои помирӣ нашр кунад.
Талоши зинда нигоҳ доштану омӯзишу таҳқиқи забонҳои помирӣ, ки ба гурӯҳи забонҳои эронии шарқӣ дохил мешаванд, аз ҷониби бархе муҳаққиқони ҷавони дигар ҳам карда шудааст. Яке аз онҳо Шервоншо Аламшоев аст, ки соли 2020 ҳосили кори 13-солаи худ - луғатномаи шуғнонӣ-тоҷикӣ-русӣ-англисиро нашр кард. Аламшоев мегӯяд, ҳоло дар Бадахшони Тоҷикистон ва Афғонистон ҳудуди 150 ҳазор нафар ба ин забон гап мезананд, вале ин забон дар мактабу донишгоҳҳо дарс дода намешавад. Ӯ мегӯяд: “Забон як фарҳанги муштараки инсоният аст» ва луғат забонро “аз маҳвшавии нигоҳ медорад”.
Пажӯҳшгари тоҷик Умеди Ҷайҳонӣ мегӯяд, “омӯзиши забонҳои помирӣ ин аҳамиятро дорад, ки инҳо забонҳои зиндаи мардуми Тоҷикистон ҳастанд ва ҳар забоне барои гӯишгаронаш бояд омӯзиш дода шавад. Ҳатто дар синфҳои поёнӣ”. Ӯ мегӯяд, гарчанде ки забонҳои помирӣ дар мактабҳои Тоҷикистон дарс дода намешаванд, соҳибони ин забонҳо ба фарзандони худ онҳоро ёд медиҳанд. Ӯ гуфт, раванди нашри китобҳо ба ин забонҳо дар дохил ё хориҷи Тоҷикистон кори хубе аст. Ба таъкиди Умеди Ҷайҳонӣ, омӯзиши забонҳои помирӣ барои шинохти таърихи забони форсии тоҷикӣ муҳим аст: “Ҳам мешавад равишҳои вожасозиву истилоҳсозиро аз ин забонҳо ба кор гирифт ва барои тавонмандсозии забони форсии тоҷикӣ ба кор бурд”.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки ба фарқ аз даврони шӯравӣ дар чанд соли охир эҳсос мешавад, ки талош барои зинда нигоҳ доштани забонҳои помирӣ бештар мешавад. Як далелаш барномаҳои маърифатии Бунёди Оғохон – раҳбари исмоилиҳои ҷаҳон аст, ки барои таҳқиқу омӯзиши соҳа мусоидат мекунад.
Вале ҳам Аламшоев ва ҳам Хуҷамёрова мегӯянд, корҳои худро бо талоши худ анҷом додаанд, чун дарк мекунанд, ки бояд дар ин самт кори бештаре анҷом шавад.
Аксар соҳибони забонҳои помирӣ дар Тоҷикистон дар Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон зиндагӣ мекунанд ва ин вилояти кӯҳиву дурдасте макони зисту зиндагии 200 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Муаллифи луғатномаи чорзабона: "Талош кардам, шуғнонӣ аз байн наравад". ВИДЕОМактаби филмсозӣ бо забонҳои помирӣ дар Бадахшон"Чарс" дар Хоруғ. Ё чӣ гуна забонҳои помирӣ маҳбубият пайдо мекунанд?Дагихудо Дагиев: Тоҷикони бурунмарзӣ бояд бо ҳам иртибот дошта бошандЗиндагӣ аз нав ца суд сар - китобе барои наҷоти забоне аз марг ВИДЕО